ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ЖАН-КЛОД ВАН ДАММ БО ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АКС ГИРИФТА, АСАДУЛЛО РАҲМОНРО ДӮСТИ ХУД НОМИДААСТ (6 АКС)

Жан-Клод Ван Дамм, ситораи машҳури Ҳолливуд  рӯзи 22 октябр, 4 рӯз баъди зодрӯзи 61-уми худ дар саҳифааш дар Фейсбук 6 акси навро аз силсилаи JCVD Friends  (Дӯстони ЖКВД)  бо навиштаҷоти “дӯстони нав аз саросари дунё” нашр кард.  Дар байни онҳое, ки аксашон бо ситораи шуҳратёр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр шуд, Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масоили кадрҳо низ ҳаст, ки ӯро ба далели нуфузи зиёдаш дар сиёсати кадрии ҳукумати кунунии ин кишвар ҳатто “вазири кадрҳои Тоҷикистон” ҳам ном мебаранд.

Маълум нест, ки ин аксҳо кай, дар куҷо ва дар чӣ шароит сабт шудаанд. Танҳо яке аз корбарон навиштааст, ки Асадулло Раҳмон бо Ван Дамм дар Фаронса вохӯрдааст. Дар аввали даҳаи дуюми моҳи октября ҳайъати олии Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯза аз Фаронса боздид карда буд.

Акси муштараки Ван Дамм бо Асадулло Раҳмон беш аз 10 ҳазор лайк ҷамъ оварда, садҳо нафар онро бознашр кардаанд ва чандин корбари тоҷик дар зераш навиштаанд, аз дидани ҳамватани худ дар паҳлуи ин устураи Ҳолливуд ифтихор мекунанд.

Жан-Клод Ван Дамм 18 октяби соли 1960 дар Белгия ба дунё омада, роҳаш ба сӯи қуллаҳои шуҳратро дар ҷавонӣ аз варзиш сар кардааст. Ӯ дар варзиши бадансозӣ (бодибилдинг) қаҳрамони мутлақи Белгия шуда, дар чемпионати Аврупо ҷои сеюмро ба даст оварда буд. Ван Дамм ҳамчунин дар кикбоксинг ва карате соҳиби  камарданди сиёҳ ва се карат қаҳрамони ҷаҳон гардида, аз 55 набардаш дар майдон 53 набардро бурдааст, аз ҷумла 50 набардро бо нокаут.

Дар солҳои 80 Ван Дамм ба Амрико кӯчида, ба иҷрои нақшҳои асосӣ дар филмҳои пурхаридори Ҳолливуд сар кард. Ӯ дар тӯли собиқаи ҳунариаш дар беш аз 50 филм нақш офаристааст, ки маҳшуртаринҳояш   «Варзиши хунин» (1988), «Кикбоксёр» (1989), «Фирор аз артиш» (1990), «Ҳукми куштан» (1990), «Зарбаи ҷуфт» (1991), «Сарбози универсалӣ» (1992), «Сарбози универсалӣ 2: Бозгашт» (1999), «Ҷои гурез нест» (1993), «Ҳадафи мушкил» (1993), «Патрули айём» (1994), «Размандаи кӯчагӣ» (1994), «Марги муфоҷо» (1995), «Легионер» (1998) мебошанд.

Асадулло Раҳмон (Раҳмонов Асадулло Қиматович)  як узви калидӣ ва пурнуфузи командаи кунунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар сиёсати кадрӣ ба шумор меравад.

Асадулло Раҳмон 1 январи соли 1973 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ба дунё омада, риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хидмати давлатии марбут ба президенти Русияро хатм кардааст. Номзади улуми сиёсист.

Асадулло Раҳмон моҳи апрели соли 2005, вақте ҳамагӣ 32 сол дошт, раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ он вақт ҷавонтарин вазир дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи марти соли 2015 ёрдамчии президент дар масъалаи кадрҳо таъйин шуд. Ин мақомро ба далели нуфузи фавқулоддааш дар сиёсати кадрии ҳукумат бисёриҳо ҳатто “вазири кадрҳо” ҳам ном мебаранд.

Асадулло Раҳмон соҳиби 3 духтар аст, Бо ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи 2 сарфароз гардонда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button