ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “БАРАКАТ”: ДАҲҲО ДӮКОН БА КОМИ ОТАШ РАФТ (ВИДЕО)

Шаби 21 ба 22 октябр бозори масолеҳии сохтмонии “Баракат”, ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар канори шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом ҷойгир шудааст, ба коми оташ рафт.

Дар видеое, ки нусхааш ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки чӣ гуна забонаи оташ даҳҳо дӯконро ба коми худ мекашад.

Иллати сӯхтор дар бозор ҳанӯз эълон нашудааст. Бозори “Баракат” соли 2018 низ дучори сӯхтор шуда буд ва он вақт иллаташро чун ҳамеша “расиши кӯтоҳи ноқилҳо” ва “риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор” гуфта буданд.

Бозори “Баракат” дар ноҳияи Б.Ғафуров соли 2010 дар масоҳати қариб 7 гектару 78 сотих замин сохта шуда,  бо беш аз 400 дӯконаш якеаз бузургтарин бозорҳои фурӯши масолеҳи сохтмон дар шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар Тоҷикистон қариб ҳар сол чанд бозор дучори сӯхтор мешавад. Мақомот аксаран”расиши кӯтоҳи ноқилҳо”-ро иллати ин офатҳо ном мебаранд. Вале баъди сӯхтор и моҳи августи соли 2018 дар бозори марказии  Кӯлоб мақомот аз боздошти Баҳодур Раҳимов, соҳиби як анбори яклухтфурӯшии ин бозор хабар дода, гуфтанд, ки ӯ аз ҳама қарздор шуда, барои “наҷот” аз қарздиҳандагонаш бозорро барқасд оташ задааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button