ВидеоФарҳанг

СИТОРАИ ҲОЛЛИВУД АЛЕК БОЛДУИН ТАСОДУФАН НАВОРБАРДОРУ КОРГАРДОНРО ПАРРОНДААСТ (ВИДЕО)

Ҳунарпешаи шинохтаи синамои Амрико Алек Болдуин ҳангоми наворгирии филми нави “Зангор”   дар наздикии шаҳри Санта Фе дар аёлати Ню Мексико тасодуфан наворбардори 42-солаи зодаи Украина Галина Ҳатчинс ва коргардони филм Ҷоэл Соузро паррондааст.

 Захми Соуз сабуктар аст: ӯро бо захми тир дар ноҳияи китфаш дар беморхона бистарӣ кардаанд. Галина Ҳатчинсро аз маҳалли ҳодиса ба бемористони шаҳри Албукерке бурдаанд, вале табибон натавонистанд ӯро аз чанголи марг наҷот диҳанд.

Алек Болдуин дар ин филм ҳам продюсер аст ва ҳам иҷрокунандаи нақши асосӣ. Бино ба хабарҳо, пистолете, ки ӯ дар наворгирии филм истифода мебурд, бояд бо тирҳои холӣ (холостой) мусаллаҳ карда мешуд, вале ба кадом далели ҳанӯз норӯшане пистолетро бо тирҳои ҷангӣ пур кардаанд.

Алек Болдуин нофаҳмида, аз пистолет тир холӣ карда, наворбардор ва коргардонро захмӣ кардааст. Сабаби бо тирҳои ҷангӣ пур  кардани пистолет ва чаро он ду нафарро ҳадаф гирифтани Алек Болдуин ҳаз норӯшан боқӣ мемонад. Ба зидди Болдуин ҳанӯз расман айбнома эълон нашудааст.

Галинa Ҳатчинс зодаи Украина буда, риштаи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи Киевро хатм кардааст. Ӯ бо филмсозони Британия дар таҳияи филмҳои мустанад ҳамкорӣ мекард ва солҳои охир дар Лос Анҷелес зиндагӣ дошт ва дар Ҳолливуд наворбардорӣ мекард.

Алек Болдуин 63 сол дошта, бо иҷрои нақшҳои асосӣ дар филмҳое, чун “Шикори “Октябри сурх”, “Муртадҳо” (“Отступники”, “Авиатор”, “Пёрл-Ҳарбор”, “Рисолат иҷроношуданист” («Миссия невыполнима»), ҳамчунин бо сериали “Студия 30” маъруф аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button