АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЭЪТИРОФИ ТАЪРИХИИ ПУТИН: ТО 47% АҲОЛИИ АФҒОНИСТОН ТОҶИКАНД (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 21 октябр дар маҳфили байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” аз ҳаракати Толибон тавсиф кард, ки “кӯшиш дорад, то аз афроди тундрав халос шавад”. Путин аз ҷумла аз талоши Толибон барои фосила гирифтан аз ҷангҷӯёни ДОИШ, ки онҳоро ӯ ҳамсафони собиқи Толибон ном бурд, мисол овард.

Путин ҳамчунин ҳаракати Толибонро ҳаракати мардуми пашту номид ва гуфт, онҳо бояд бо халқҳои дигари сокини Афғонистон забон биёбанд.

“Барои мисол, онҳо бояд бо тоҷикҳо забон биёбанд, чунки тоҷикҳо, бино ба ҳисобҳои гуногун, аз 40 то 47 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Охир ин хеле зиёд аст! Дуруст аст?  Онҷо боз ӯзбекҳо ҳастанд, ҳазораҳо ҳастанд… Бале, дар ҳукумати ташкилкардаи Толибон намояндагони халқҳои дигар ҳам ҳастанд, вале онҳо дар мақомҳои аввал нестанд. Вале ин мардум дар низоми идораи кишварашон мақомҳои муҳим мехоҳанд”, – изҳор дошт Путин.

Ӯ ба ин тартиб нахустин раҳбари Русия аст, ки дар сатҳи расмӣ эътироф кард, ки тоҷикони Афғонистон то 47 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд.

Аз ин қабл раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ шумораи тоҷикони Афғонистонро 46 фоиз баршумурда, гуфт, агар дар ҳукумати ояндаи Кобул ба ақалиятҳои қавмии он кишвар, ба вижа ба тоҷикҳо, ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, Душанбе ҳукумати Толибонро эътироф намекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр ба сурати ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки меҳвари ин ташаккули зидди Толибонро тоҷикҳо ташкил медиҳанд, ҳимоят мекунад. Роҳбарони Толибон дар посух Эмомалӣ Раҳмонро ба дахолат дар умури онҳо айбдор карда, таҳдид карданд, ки “ҳар амал аксуламале дорад.”

Рӯзи 20 октябр дар Маскав дар нишасти махсуси Афғонистон Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини сарвазири “аморати исломӣ”, ки Толибон эълон кардааст, ҳукумати сохтаашонро “фарогир” номид ва гуфт, ки он ҷаовбгӯи тақозои ҷомиаи байналмилалист.

Аммо  Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бори дигар ба аҳамияти ташкили ҳукумати фарогир ва аз байни бурдани ҳама гунаи манбаи таҳдид ба кишварҳои ҳамсоя, бахусус ба Тоҷикистон, ки шарики стратегии Русия дар минтақа ба шумор меравад, таъкид кард ва гуфт, толибон бояд дар ин масъала “зиракӣ” нишон бидиҳанд.

“Намоиши чунин “зиракӣ” (тавассути ташкили ҳукумати фарогир) метавонист сабақи хубе барои онҳое шавад, ки ба хотири ғаразҳои шахсии худ манфиатҳои миллиро пушти по зада, мардуми худро амалан ба ҳукми тақдир партофта рафтанд”, — гуфт Лавров. Ӯ зоҳиран президенти қаблии Афғонистон Ашраф Ғаниро дар назар дошт, ки моҳи август дар пайи тасарруфи кишвараш аз сӯи Толибон ва ба Кобул наздик шудани онҳо, чанд чархболро пур аз пули нақд карду аз кишвар гурехт. Гуфта мешуд, ки Ғанӣ бо 169 миллион доллар пули нақд фирор кардааст, то зиндагиашро дар ягон кишвари дигар аз сифр шурӯъ кунад. Дақиқтараш, аз  6 сифр.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button