ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ХУШ ОМАДЕД! ХУШ КЕЛИБСИЗ! МАСКАВ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИЮ ӮЗБЕКИРО ЁД МЕГИРАД

Алакай дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскав – “Лесопарковая” ва “Прокшино”, ки муҳоҷирон асосан аз ҳаминҷо барои таҳияи ҳуҷҷатҳояшон ба Маркази муҳоҷирони Сахарово мераванд,  эълонҳо ва роҳнамоҳо дар баробари забони русӣ, ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ҳам пайдо шудаанд ва маъмурияти метрои Маскав бори аввал эълон кард, ки дар истгоҳи “Лесопарковая” нафареро ҳамчун нозиру хазинадор (контролер-кассир) ба кор мегирад, ки забони тоҷикӣ ё ӯзбекиро бидонад. Ҳамин тавр, Маркази Сахарово ҳам эълонҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ акнун дар баробари русӣ ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ нашр мекунад.

Яке аз хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ки дар Маскав дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, бо ирсоли як нашр хабар дод, ки барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояш ба Маркази Сахарово мерафт ва дар роҳ дид, ки дар  истгоҳи метрои “Прокшино” ҳам эълонҳову раҳнамоҳоро дар баробари забони русӣ ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ҳам насб кардаанд. Қаблан чунин эълону раҳнамоҳоро дар истгоҳи “Лесопарковая”  дар баробари русӣ ба тоҷикию ӯзбекӣ низ насб карда буданд.

Муҳоҷирон асосан аз ҳамин ду истгоҳи “Лесопарковая” ва “Прокшино” барои гирифтани патент ва тамдиди ҳуҷҷатҳои худ ба Маркази муҳоҷирони Сахарово мераванд. Ин бузургтарин маркази таҳияи аснод барои зиндагӣ ва кору фаъолияти муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Маскав мебошад ва тавре дар охирин эълони он аз муҳоҷирон даъват шудааст, “аз 1 ноябри соли 2021 барои барасмиятдарории патент, ки ба шумо ҳуқуқи фаъолияти меҳнатиро дар ҳудуди вилояти Москва медиҳад, ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ (яъне ба Маркази Сахарово) муроҷиат намоед.

Маркази Сахарово ин эълонро дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафақат ба русӣ, балки ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ҳам нашр кардааст.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=4565268770185290&id=1202174639828070

Маъмурияти метрополитени Маскав боз ҳам фаротар рафта, рӯзи 20 октябр дар сомонаи ҷустуҷӯи кор HeadHunter  эълон дар бораи истихдоми нозиру хазинадорро барои истгоҳи “Лесопарковая”  нашр кард. Дар эълон гуфта мешавад, ки маоши ин хазинадор (контролер-кассир)  39 ҳазор рубл, ё чизе бештар аз 500 доллар буда, аз довталаб таҷрибаи кор талаб карда намешавад. Аммо ончӣ ки аз довталабон хоста шудааст, дар баробари маълумоти на камтар аз мактаби миёна ва (хуб мебуд) таҷрибаи кор бо маблағҳо ин донистани забонҳои тоҷикӣ ё ӯзбекӣ аст. Дар эълон гуфта шудааст, ки довталабон бояд тоҷикӣ ё ӯзбекиро дар сатҳи А2 бидонанд, яъне роҳат ба яке аз ин забонҳо суҳбат карда тавонанд.

Ҷолиб он аст, ки ин эълон алакай як рӯз баъд ба бойгонӣ супурда шуд, чунки, бино ба тавзеҳи сомонаи ҷустуҷӯи кор, “корфармо, ба эҳтимоли ғолиб, алакай номзади мувофиқро пайдо кардааст ва дигар барои ин кор ариза қабул намекунад.”

Қаблан чандин бонку ширкатҳои мобил ва интернетрасон дар шаҳрҳои Русия, асосан дар Маскав  барои ҷалби муштарии бештар аз байни муҳоҷирон эълонҳои худро ба забонҳои барои муҳоҷирон ошно нашр мекарданд ва ҳатто кормандонеро ба кор мегирифтанд, ки ба забонҳои мардуми муҳоҷир, аз ҷумла ба тоҷикию ӯбекӣ балад бошанд.

Ин навовариҳо баёнгари он аст, ки зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба диаспораҳои бузургтарин дар байни миллионҳо муҳоҷире, ки аз кишварҳои мухталиф ба пойтахти Русия меоянд, табдил ёфтаанд. Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ва аз 4 то 5 миллион нафар аз сокинони Ӯзбекистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба мардикорӣ ба Русия мераванд. Шаҳру вилояти Маскав як самти асосии сафари муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button