ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИРАЗАНИ 85-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ҲУНДАЙ-ПОРТЕР”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21 октябр як зани 85-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон зери чархи мошин ҷон бохтааст.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи 21 октябр, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳундай-портер”, Раҷабов Исомуддин Сафарқулович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Дӯстова Маълумбӣ Исроиловна, соли таваллудаш 1936, сокини ноҳияи А.Ҷомиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

ВКД қаблан хабар дод, ки рӯзҳои 19 ва 20 октябр низ дар ду садама дар Файзобод ва Конибодом ду нафар ба ҳалокат расиданд

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button