ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 3 ЗАРДЕВОР АЗ КОРХОНАИ “ҚУМУ ШАҒАЛ” ДАР ЛУЧОБ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2021, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз корхонаи “Қуму-шағал”, воқеъ дар деҳаи Лучоб, 3-адад қисмҳои таҷҳизоти зардеворро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 78 ҳазору 660 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза зани 45-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 16 ба 17-уми октябри соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи зикргардида бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button