ВидеоҶомеа

АГАР ПИСАРАМ ЗИНДОН НАМЕШУД… ЯК МОДАР АЗ ХОНАИ КАЛОНСОЛОН БА КУМАК ЭҲТИЁҶ ДОРАД

Латофат Ҳаётова 60 сол дорад. Апаи Латофат дар зиндагӣ ҳамагӣ як писар дошт, ки ӯ ҳам ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, дар онҷо зиндонӣ шуд.

Апаи Латофат, ки ҳоло дар Душанбе дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекунад ва ба иллати дарди пойҳояш роҳ гашта наметавонад, барои дубора ба по рост шудан ба ҷарроҳии пойҳояш эҳтиёҷ пайдо кардааст. Маблағи ҷарроҳии ӯро табибон 23 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд, ки ин зан чунин маблағро надорад ва аз мардуми хайрхоҳ кумак мехоҳад.

Дили бузурги модарро бубинед, ки мегӯяд, “агар писарам зиндонӣ намешуд, бачаи баномус буд, худаш маро ҷарроҳӣ мекард, вале бечора пушти панҷара афтодаасту ба кумаки ман расида наметавонад…”

Онҳое ки мехоҳанд дар ин кори савоб саҳм бигиранд ва ба ин зани эҳтиёҷманд дасти ёрии худро дароз кунанд, метавонанд тавассути ин кортҳои бонкӣ хайрияи худро бифиристанд:

Корти миллӣ Душанбе Сити ба номи худи Латофат Ҳаётова 5058270365939130

Ин корт ба ракамҳоои апаи Латофат пайваст аст. тел:900-91-91-84.

Сбербанк 5336690310779667 Гадоева Шоира Бахроновна. тел:+79291283494

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button