
Рӯзи 20 октябр дар ҳудуди иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои “Рассказовка” дар ноҳияи Солнтсевои шаҳри Маскав сӯхтор ба амал омад. Дар ин сохтмон беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, фаъолият менамоянд. 80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамон сохтмон иқомат мекарданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар пайи боздиди намояндагонаш аз маҳалли сӯхтор хабар дод, ки сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух дода, бар асари он тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва зиёда аз 17 нафар ҳуҷатҳояшонро аз даст додаанд.
Сафорат гуфт, дар суҳбати кормандонашон бо роҳбари иншооти сохтмонии мазкур Симонов А. А. мувофиқат шудааст, ки ширкат шаҳрвандони тоҷикро бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин мекунад. Ҳамчунин сафорати Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро барқарор хоҳад кард.
Бино ба хабарҳо, шаби гузаштаро муҳоҷирони тоҷик дар як бинои нотамом дар сардӣ рӯз кардаанд.