ВидеоҶомеа

ШАРҲИ АЗИЗУЛЛО СОҲИБОВ ДАР БОРАИ КОРД ХӮРДАНИ ЯК ЗАН ДАР ХОНАИ Ӯ

Азизулло Соҳибов, раиси “Тоҷикматлубот”-и вилояти Хатлон ва бародару амаки ду домоди президенти Тоҷикистон, баъди нашри хабари дар хонаи ӯ захми корд хӯрдани як ҷавонзан, ба Радиои Озодӣ мусоҳиба дода, гуфтааст, ки он занро намешиносад  ва ӯ худашро корд задааст. Ба гуфтаи вай, он шоми 10 октябр аз Хуҷанду Душанбе ба хонааш меҳмон омада буд ва “ин зан ҳамроҳи кӣ ба манзил ворид шудааст, намедонад”.

“Ин занро намешиносам ва баръакс ба ӯ кумак кардам, ки роҳи зиндагиашро ёбад. Дигар кас табъи ӯро хира карда, ин корро кардааст. Худаш дар пеши ҳамаи кормандони Раёсат (Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон) ҳаминро гуфт. Ҳам ёрӣ кунем ва ҳам гап шунавем? Ӯ бори дувум ин корро карда будааст”, — гуфтааст Соҳибов.

Вай афзудааст, ки чӣ гуна гарданашро буридани занро ба чашм надидааст ва фақат пас аз рух додани ҳодиса шоҳид шудааст. Азизулло Соҳибов ҳамчунин гуфт, то ҳанӯз касе аз ӯ дар робита ба ин ҳодиса баёнот нагирифтааст.

Радиои Озодӣ қаблан бо такя ба чанд манбаи худ дар мақомоти интизомиву тандурустии вилояти Хатлон хабар дод, ки С.О., як зани 36-сола, рӯзи 10 октябр дар  як ҳодисаи мармуз дар хонаи Азизулло Соҳибов, раиси “Тоҷикматлубот”-и вилояти Хатлон аз гарданаш захми корд бардошта, тоза рӯзи 18 октябр аз бемористони Қараболои шаҳри Бохтар ҷавоб дода шудааст.

Ба иттилои манбаъҳои радиои Озодӣ, С.О. шоми 10 октябр аз як хона дар маҳаллаи Ломоносови шаҳри Бохтар ба бемористони вилоятӣ, маъруф ба бемористони Қараболо бурда шуд. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, “ин зан аз дӯстони Азизулло Соҳибов будааст”.

Ба гуфтаи ҳамсоягон, шоми 10 октябр, пеш аз сар задани ҳодиса, дар хонае, ки аз он Азизулло Соҳибов истифода мекунад, “чанд зану мард ворид шуда, зоҳиран аз дохили бино садои хурсандӣ берун меомад”. Яке аз шоҳидон гуфтааст, “пас аз чанде садои доду вой баланд шуд ва пас аз бурдани зани оғуштаи хун он ҷо кормандони милиса ҳозир шуданд.” Маълум нест, ки онҷо чӣ шабнишинӣ буд ва С.О. бо Азизулло Соҳибов чӣ робита дорад?

Ба табибони беморхона ҳангоми овардани зани маҷруҳ гуфтаанд, ки “ӯ қасди худкушӣ кард”.

Вале як манбаъ аз мақомоти интизомии Хатлон ба шарти фош нашудани ном гуфт: “Аз рӯи таҳқиқи ибтидоӣ ва гуфтаи шоҳидон, Азизулло Соҳибов ба зан ҳамла кардааст. Кормандони милисаи шаҳрӣ рафтанд, таҳқиқи ҳодисаро оғоз карданд, вале ҳозир касе даъво надорад.”

Ин дар ҳолест, ки дар шуъбаи милисаи Бохтар мегӯянд, ки тафтиши ҳодисаро РВКД вилояти Хатлон пеш мебарад, вале дар раёсат баракс гуфтаанд, ки “ҳодиса дар ҳудуди шаҳри Бохтар рӯй додааст ва масъулияти таҳқиқаш ба дӯши онҳост.”

Як духтури бемористони Қараболо бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан се рӯз дар шуъбаи эҳёгарӣ ва 5 рӯзи дигар дар утоқи умумӣ табобат гирифтааст. “Мо намедонем, ба ӯ чӣ шудааст. Фақат вазифаамонро иҷро кардем. Гарданаш бо корд бурида шуда буд, онро дӯхтем. Ду рӯз шуд, аз беморхона ҷавоб шудааст, вале ҳанӯз барои канда гирифтани риштаҳо наомадааст. Бояд як бори дигар ояд, то риштаҳо гирифта шаванд”, — гуфтаанд дар бемористон пизишк.

Азизулло Соҳибов дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) зиндагӣ мекунад ва солҳо боз раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот”-и вилояти Хатлон аст. Ӯ  50 сол дошта, бародари Мамазоир Соҳибов, домоди калонии президенти Тоҷикистон  ва амаки Шамсулло Соҳибов, домоди дигари Эмомалӣ Раҳмон аст. Исми ӯ дар навори хабарҳои криминалӣ аз ин қабл ҳамагӣ як маротиба соли 2019 вақте пайдо шуд, ки БДА бо нашри рӯйхатти ронандагони аз «Шаҳри бехатар” қарздор гуфт, ронандаи «Лексус-570” Азизулло Соҳибов, рақами мошинаш 1111РР03, пули 81 ҷаримаро  пардохт накардааст.  Дар асноди ВКД  маҳалли зисти Азизулло Соҳибов шаҳри Бохтар, кӯчаи Свириденко, 85 зикр шуда буд.

Хонаводаи Соҳибовҳо бо далели наздикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз нуфузи хосе дар кишвар, бахусус дар қисмати водии Вахши вилояти Хатлон бархӯрдоранд. Ду намояндаи ин хонавода:  Мамазоир Соҳибов ба духтари калонии президент Фирӯза ва бародарзодаи ӯ Шамсуло Соҳибов ба духтари чорумаш Парвина Раҳмон издивоҷ кардаанд.

Соҳибовҳо соҳиби даҳҳо навъи тиҷорат дар Тоҷикистонанд. Бозори бузурги “Ҳоҷӣ Шариф” дар шаҳри Бохтар ва ширкати “Фароз”, ки ҳоло бо номҳои дигар даҳҳо навъи тиҷоратро монополияи худ кардааст, ба ҳамин хонавода тааллуқ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button