ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

МӮҲРИДДИН ЭМОМОВ, КИ БО ВАЪДАИ АФВ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ, БА 6 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Собиқ лейтенанти калони Агентии мубориза бо маводи мухаддир ва ВКД Тоҷикистон Мӯҳриддин Эмомов, ки моҳи феврали соли 2020 бо ваъдаи афви мақомот аз Туркия ба Тоҷикистон баргашта буд, бо ҷурми ифротгароӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Наздикони Мӯҳриддин Эмомов дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки мурофиаи парвандаи ӯро ба таври шитобзада ва амалан пушти дарҳои баста дар толори боздоштгоҳи шаҳри Душанбе доир кардаанд. “Ҳукм рӯзи 20 октябр эълон шуд. Субҳи 20 октябр ба хонаводааш занг зада, гуфтаанд, ки имрӯз ҳукмаш хонда мешавад. Онҳо аз Вахш то ба Душанбе омаданд, ки додгоҳ алакай тамом шуда буд”, гуфт яке аз наздикони Мӯҳриддин Эмомов.

Майдабӣ Худоёрова, модари Мӯҳриддин Эмомов, ки ҳамроҳи писари дигараш Сайфуддин Эмомов дар Истанбул зиндагӣ мекунад, гуфт, ин ҳукм сахт нороҳаташ кардааст: “Охир ман бо умед ва бо боварӣ ба ваъдаи афв писарамро иҷозати баргаштан ба Тоҷикистон додам. Аз куҷо медонистам, ки бо ваъдаи афв мебаранду баъд зиндонаш мекунанд…”

Наздикони Эмомов ҳоло талош доранд, то аз ҳукми додгоҳ ба зинаи болотар шикоят баранд. Онҳо мегӯянд, ҳабс ва инак ҳукми зиндон 5 фарзанди хурдсоли ӯро бесаробаон боқӣ гузошт.

Мӯҳриддин Эмомовро мақомоти амниятӣ  рӯзи 7 июл дар ноҳияи Вахш дастгир карданд.  Ӯро аввал гӯё бо гумони дуздӣ дар ошхонае, ки ӯ дар шаҳри Бохтар мечархонд, дастгир карданд, вале баъди чанде бар асоси моддаи бадноми 307, иловаи 2 ба ифротгарӣ бо истифода аз Интернет айбдор карданд. Наздиконаш маълумоти дақиқе дар бораи айбномаи ӯ надоранд ва мегӯянд, ба онҳо ҳамин қадар фақат гуфтаанд, ки Мӯҳриддин гӯё кадом мақолаи оппозитсиониро дар Интернет ё лайк мондааст, ё гӯё бознашр кардааст.

Муҳриддин Эмомов моҳи июл, як рӯз қабл аз боздошташ муроҷиатномаи видеоиеро ба номи Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидзода сабт карда буд. Дар ин видео ӯ мегӯяд, ки шумо ба ман санади афв додед, вале ҳоло мақомоти амниятӣ маро кофта истодаанд ва ошхонае, ки ман доштам ва чанд кас аз онҷо соҳиби маош шуда буд, дигар дар ҳоли барҳам хӯрдан аст.

Мӯҳриддин Эмомов 37 сол дошта, аз соли 2015  то феврали соли 2020 дар шаҳри Истанбули Туркия кору зиндагӣ мекард. Ӯ аз соли 2007 то 2013 дар Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва сипас то сафараш ба Туркия дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе кор кардааст ва унвони лейтенанти калонро дорад. Ӯ фарзанди Камолиддин Эмомов, як узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломист. Падари ӯ соли 2012 вафот кардааст.

Исми Мӯҳриддин Эмомов ва бародараш Сайфиддин Эмомов соли 2016 замоне расонаӣ шуд, ки онҳо дар як мусоҳиба бо нашрияҳои мухолифин гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон ба наздикони онҳо иҷозати сафар ба Туркияро намедиҳанд ва чанд дафъа онҳоро аз фурудгоҳ ва ҳатто аз марзи Исфара бо Қирғизистон баргардондаанд.

Дар аввали соли 2017 Масъуд, писари Мӯҳриддин Эмомов, ки он вақт дар синфи 3 мехонд, дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоста буд, ки барои ба Туркия, ба назди падарашон рафтани онҳо кумак кунад.

Ба дунбол, мақомот ба зидди Мӯҳриддин Эмомов парванда кушода, аз ӯ талаб мекарданд, ки ба Тоҷикистон баргашта, бегуноҳии худро исбот кунад. Моҳи августи соли 2017 ӯ дар Туркия бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда, то моҳи июли соли 2018, 11 моҳро дар боздоштгоҳи Измир ба сар бурд, вале мақомоти Туркия дар ниҳоят аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ карда, моҳи июли соли 2018 озодаш карданд.

Соли 2019 мақомоти Тоҷикистон Мӯҳриддин Эмомовро афв карданд ва ӯ моҳи феврали соли 2020 ба Тоҷикистон баргашт ва дигар ба масоили сиёсӣ қӯш намешуд ва ҳамроҳи аҳли оилааш дар зодгоҳаш, ноҳияи Вахш ба сар мебурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button