ВидеоТоҷикистонҶомеа

МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД

Тавре қаблан хабар додем, субҳи 19 октябр ду сокини деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳамлаи хирс рӯбарӯ шуда, ҷароҳат бардоштанд. КҲФ гуфт, ин ду сокини Вишхарв, ки як 14 ва дуюмӣ 48 сол дошт, барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта, дар ҷангали деҳаи Ғумаст ногаҳон як хирс ба онҳо ҳамла кардааст.

Хабарнигори шинохтаи зодаи Ванҷ Хилватшоҳи Маҳмуд дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки хирс дар асл ба ноболиғон ҳамла кардааст, вале як сокини ба паҳлавонӣ маъруфи Вишхарвак Рамазон Синонов, ки муаллими оддии мактаб аст, ба наҷоти он наврас шитофта, бо хирс дастбагиребон шудааст.

Нақли ҳодиса аз забони Хилватшоҳи Маҳмуд чунин аст:

“Ӯ кист: муаллим, наҷотбахши кӯдакон, қаҳрамони давр, ё паҳлавони хоксору соддаи кӯҳистон…

Исми зебои ин таҳамтан – Рамазон аст, паҳлавоне, ки дар майдони набарди нобаробар хирсро мағлуб кард. Ҳайвони азимҷусса пас аз ҳарбу зарб ва “гӯштин” бо Рамазон аз “размгоҳ” гурехт.

Қисса ин ҷост, ки чанд наврас аз деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ барои ҷамъ кардани ҳезум ба ҷангали деҳаи Ғӯмаст мераванд. Пас аз муддате хирси бадҳайбат пайдо шуда, ба сари атфол ҳамла мекунад. Дар ин миён яке аз кӯдакон аз пой афтода, зери чанголи хирс мемонад. Ҳаёҳу ва доду шевани онҳоро шунида, мардум ба кӯмакашон мешитобанд. Навҷавони афгору хуншорро аз дами дандони хирс раҳо мекунанд, аммо чанд ҳамсоли дигари ӯ аз тарс дар ҷангал пинҳон мешаванд.

Акнун ба ҷони наврасони дар ҷангал боқимонда ҳар лаҳза хатар таҳдид мекард, зеро хирс ҳам аз ҷангал берун нарафта буд. Дар ин ҳангом муаллим Рамазон Синонов, ки ба ҷустуҷӯи тифлакон баромада буд, бо хирс сарбасар мешавад. Дигар ҷои гурез ва ақиб гаштан набуд. Онҳо бо ҳам даргир мешаванд. Рамазон-паҳлавон, ки аз гӯштин бохабар буду дар ҷавонӣ хуб майдондорӣ мекард, хирсро 2 маротиба бо усулҳои сари китфу ҳалук (алик) ба замин мезанад, аммо ҳайвони тану тӯшдор (аз 300 кило вазни бештар дошт) чанд ҷои бадани Рамазонро ҷароҳатдор мекунад.

Набарди онҳо то даме идома дошт, ки мардум аз қазия бохабар шуда, бо сангу чӯбу оҳан ба наздашон расиданд…

Хирс аз ғалоғулаву шавқуни сокинон тарсида, рӯ ба гурез ниҳод…

Ҳоло Рамазон ва навраси ҷароҳатбардошта дар бемористони марказии ноҳия таҳти муолиҷа қарор доранд.

Хилватшоҳи Маҳмуд менависад, ки Рамазон Синонов ҳамсолу ҳамсинни ӯст ва ҳарду дар мактаба №1 деҳаи Ғҷоваст бо ҳам таҳсил кардаанд. ки Рамазон Синонов Донишкадаи тарбияи ҷисмониро хатм карда, омӯзгори мактаб аст ва дар баробари ин ҳунарманди чирадаст, чӯбкор, устои хонасоз ва наҷҷори хуб низ будааст. Чанд сол қабл ҳамсараш аз олам гузашт ва ӯ тарбияи 5 фарзандашро танҳо ба зимма дорад. Хилватшоҳи Маҳмуд бо орзуи шифои комилу оҷил ба Рамазон-паҳлавон ва ун навраси захмишуда матлабашро бо ин ҷумла хулоса кардааст: “Рамазон, бародар, дӯст ва рафиқи арҷмандам! Ту қаҳрамони давр ва намунаи ибрат барои дигарон ҳастӣ!”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button