ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ФАЙЗОБОД ВА КОНИБОДОМ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 19 октябр, тахминан соати 18:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Юлдошев Комил Содиқович, соли таваллудаш 1973, сокини ҷамоати деҳоти Э.Шарифови шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Яҳёзода Зоир, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 20 октябр, тахминан соати 10:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ҳомидов Холмаҳмад Бурибегович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Лахш-Рашт” дар рӯ ба рӯи деҳаи Бобои Валии ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Лада-2107», ки таҳти идораи ронанда Сатторов Саидраҳмон Расулович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи «Лада-2107», Сатторов С.Р. дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, мусофиронаш, Комилов Аброриддин, соли таваллудаш 1977 ва ноболиғ Сатторова Фарида, соли таваллудаш 2009, сокинони ҷамоати Конститутсияи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button