ВидеоИлму фанноварӣЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АКАДЕМИК ҲИКМАТ МӮМИНОВ ДАР СИННИ 55

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров бо андӯҳи гарон аз даргузашти олими шинохтаи тоҷик, собиқ ноиби президенти Академия академик Мӯминов Ҳикмат Ҳалимович хабар доданд. Дар бораи иллати марги академик Мӯминов, ки ҳамагӣ 55 сол дошт, чизе гуфта нашудааст. Ҳикмат Мӯминов аз донишмандони эътирофшудаи тоҷик дар арсаи физика ба шумор рафта, аспирантураро дар Маркази машҳури физикаи ҳастаии Дубна хатм карда ва рисолаи номзадиашро низ соли 1992 дар Дубна дар синни ҳамагӣ 26 ва рисолаи докториашро низ дар ҳамон ҷо соли 1996, вақте ки ҳамагӣ 30 сол дошт, дифоъ карда буд. Ӯ яке аз ҷавонтарин докторҳои илми тоҷик буд. Академик Мӯминов баҳори соли равон ба сабаби беморӣ аз мақоми ноиби президенти Академия истеъфо дода, барои табобат ба Русия рафта буд ва дар Пажуҳишгоҳи физикаи ҳастаии Дубна кор мекард.

Ҳикмат Ҳалимович Муминов, доктори илмҳои физикаю математика (1996), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1996), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар бахши “Илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника” (2020), Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2004), академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017) буд.

Академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов 14 сентябри соли 1966 дар ш.Душанбе, ба дунё омада, соли 1983 мактаби миёнаи №60 ва соли 1988 риштаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро  бо дипломи сурх хатм карда буд.

Солҳои 1988-1991 ҳамчун аспиранти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пажуҳиши илм машғул шуда, ҳамзамон ҳамчун олими ҷавони боистеъдод барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар чаҳорчӯубаи аспирантура ба лабораторияи техникаи ҳисоббарор ва автоматизатсияи Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ш.Дубнаи Федератсияи Россия (ИМТЯ ш.Дубна) фиристода  шуд. Ӯ соли 1992 дар синни 26 дар ИМТЯ ш.Дубна рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии олимони барҷастаи мактабҳои илмии Иттиҳоди Шуравӣ – профессори ИМТЯ ш.Дубна Владимир Григоревич Маханков ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдуллоев бо унвони “Таҳқиқоти назариявӣ ва моделсозии математикии баъзе системаҳои спинӣ” дифоъ кард.

Солҳои 1993-1996 ҳамчун докторанти ИМТЯ ш.Дубна таҳқиқот бурда, соли 1996 рисолаи доктории худро таҳти унвони “Муаммоҳои назарияи падидаҳои ғайрихаттӣ дар магнетикҳои анизотропӣ бо дарназардошти моментҳои мултиполӣ” дар синни 30-солагӣ бомуваффақият дифоъ менамоянд. Солҳои 1996-1999 ба ҳайси ходими калони илмӣ ва баъдан ҳамчун ходими пешбари илмии Лабораторияи физикаи назариявии ба номи Н.Н.Боголюбови ИМТЯ ш.Дубна фаъолият менамоянд.

Пас аз ин, ӯ ба Ватан баргашта, солҳои 1999-2006 ҳамчун профессори кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2006-2019 ҳамчун директор (2006-2017) ва баъдан ҳамчун роҳбари Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017-2019) фаъолият бурдааст.

Ӯ солҳои 2017-2020 ҳамчун ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва раиси Шўъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академия буд.

Бо сабаби бемории вазнин ва тӯлонӣ аз моҳи апрели соли 2021 бо хоҳиши худаш ӯро ҳамчун сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров барои табобат ва ҳам пажуҳиши илмӣ ба Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Дубна фиристоданд.

Мактаби илмии академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов  яке аз шохаҳои пурмаҳсули мактабҳои илмии ИМТЯ ш.Дубна ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button