ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ҚАССОБИ БАРДУРӮҒ ДАР ЁВА

Як  ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки  худро қассоб муаррифӣ карда, рӯзи 20 сентябр  аз як сокини ҷамоати Ёва 11 сар чорвои калонро ба маблағи 117 ҳазору 500 сомонӣ  ва рӯзи дигар аз сокини дигари ҳамин ҷамоат 4 сар чорвои калонро ба маблағи 49 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, то ҳол пули онҳоро надодааст.

Ҳамчунин як сокини Симиганҷ ба он айбдор мешавад, ки як сол пеш бо ваъдаи аз зиндони Мурмански Русия ба Тоҷикистон овардани падараш аз як сокини ноҳияи Рӯдакӣ 7500 доллар гирифта, ӯро фиреб додааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти О.Занони ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки падараш, марди 56-соларо аз муассисаи ислоҳии шаҳри Мурманскии Федератсияи Россия ба муассисаи ислоҳии шаҳри Душанбе меорад, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, оғоз карда шуд.
Номбурда, 20-уми сентябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи мазкур даромада, худро ҳамчун қассоб муаррифӣ намуда, аз ӯ 11-сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 117 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 21-уми сентябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёва даромада, худро ҳамчун қассоб муаррифӣ намуда, аз ӯ 4-сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 49 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми октябри соли 2021, дар дохили терминали мусофиркашонии “Сафар”-и ҳамин шаҳр, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 3 ҳазору 500 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “ИМДМ”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо моддаҳои 244, 334 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 19-сола бо гумони дуздии аробачаҳои кӯдакона

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда, 19-уми октябри соли 2021, тахминан соати 10:00, бо роҳи пинҳонӣ аз ошёнаи 4-уми бино, воқеъ дар кӯчаи Д.Барно, 2-адад аробачаи кӯдаконаро дуздида, дар кӯҳнабозори “Саховат” ба маблағи 300-сомонӣ фурӯхтааст. Дар натиҷа, ба ҷавонзани 23-солаи сокини пойтахт ба маблағи 4 ҳазору 700 сомонӣ зарар расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button