ВидеоИлму фанноварӣ

ВИДЕОИ НАВИ БАЧАҲОИ БАБРИ БАРФИЕ, КИ АЗ ТОҶИКИСТОН БА СИБИР БУРДААНД

Кормандони мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенскийи Русия рӯзи 20 октябр боз як видеои ҷаззоби  бозии ду бачаи бабри барфиро, модарашонро аз Тоҷикистон овардаанд, нашр карданд. Дар видео дида мешавад, ки бабрбачаҳо ҳанӯз дар канори модарашон мегарданд, вале бояд ба зудӣ ба “ҳаёти мустақилона” шурӯъ кунанд.

Роман Афанасев, раҳбари шуъбаи илмии мамнӯъгоҳ гуфт: “Бачаҳои бабри барфӣ одатан то якунимсолагӣ ҳаромҳ модарашон мегарданд. Аз ин рӯ, хеле ба зудӣ ин бабрбачаҳои бавоярасида мустақилона зиндагӣ хоҳанд кард.”

Бабрбачаҳо аз лиҳози тану тӯш алакай баробари модарашон шудаанд, вале мисли ҳар кӯдак ҳанӯз ба бозӣ шавқи зиёд доранд.

Кормандони мамнӯъгоҳ дар пайи таҳқиқи макони сукунати бабрҳои барфӣ дар чанд ҷо дастгоҳҳои аккосӣ мондаанд, ки тавассути онҳо ҷараёни зиндагии ин ҳайвоноти нодирро меомӯзанд.

Ин дафъа ба дурбини камера лаҳзаи бозии бабрбачаҳо афтодааст, ки ба олимон имкон медиҳад дар бораи ин навъи ҳайвонот маълумоти бештар ба даст биоранд.

Дар мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенский ҳамагӣ як сар бабри барфӣ бо лақаби Ихтиандр боқӣ монда буд ва соли 2018 дар чорчӯби барномаи барқарор кардани ин навъи ҳайвони дар ҳоли нобудӣ як ҷуфт бабри барфиро аз Тоҷикистон ба инҷо оварданд. Бабри наринаро дар поёни декабри соли 2018 ва бабри модинаро моҳи марти соли 2019 ба ҷангал сар доданд. Комёбии барнома аз он вобаста буд, ки оё бабрҳо дар Саяно-Шушенский  насли нав ба дунё меоранд ё на? Соли 2020 бабри модина дугоник таваллуд кард. Вале рӯшан нест, ки аз бабри наринаи ҳамроҳаш аз Тоҷикистон овардашуда ваё аз Ихтиандр.

Кормандони мамнӯъгоҳ, ки ҳаракати ҳайвонотро тавассути шабакаи дастгоҳҳои аксбардориву наворгирӣ назорат мекунанд, мушоҳида карданд, ки Ихтиандр ба минатқаи марказии маҳалли сукунаташ бабри модинаро роҳ додааст, вале бабри наринаи аз Тоҷикистон овардашударо ҳамчун рақиби хуб ба қисмати ҷанубии мамнӯъгоҳ танг кардааст.

То поёни соли 2019 дар Русия ҳамагӣ 65 сар бабри барфӣ боқӣ монда, саршумори ин навъи ҳайвон дар саросари дунё чизе бештар аз 3 ҳазор сар гуфта мешавад. Шумори дақиқи бабрҳои барфиро муайян кардан мушкил аст, чунки онҳо дар минтақаҳои касногузари кӯҳистон ба сар мебаранд. Ин як навъи хеле кам омӯхташудаи ҳайвонот аз синфи гурбашаклҳои бузург мебошад.

Моҳи июни соли ҷорӣ  мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенский аввалин видеои бозии бачаҳои бабри барфиро нашр кард. Дар видео дида мешуд, ки ду бабрбача дар домани кӯҳ бо якдигар ва бо модарашон бозӣ мекунанд, ҷастухез доранд ва якдигарро мехоянду хору мол мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button