ВидеоҶомеа

ТО ҲОЛ БЕ “ОБЛАВА”: НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШ ДАР 20 РӮЗ АЛАКАЙ 52 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар 20 рӯзи аввали мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаи даъват алакай дар ҷумҳурӣ 52 фоиз иҷро шудааст. Баъди 10 рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ин вазорат дар бораи 40 фоиз иҷро шудани нақша ҳисобот дода буд.

Полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорат гуфт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи тирамоҳии даъватро 100 фоиз иҷро карда, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ дар ин вилоят иҷрои нақшаашонро алакай дар  давоми 10 рӯз пурра ба анҷом расонда буданд.

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар ин вилоят, дар давоми 20 рӯз  зиёда аз 41,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, то ин дам ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят низ, дар муддати 20 рӯз беш аз 40 фоизро дар бар мегирад”, – хабар дод сухангӯи вазорати мудофиа.

Ҳамин тавр, дар 20 рӯзи аввал иҷрои нақша  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил дода, аллакай шаҳру навоҳии Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш  аз анҷоми нақшаи барои онҳо пешбинишуда гузориш додаанд.

Дар ҷараёни 20 рӯзи чорабиниҳои даъватӣ ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақша пурра иҷро шуда, дар умум дар пойтахт иҷрои нақша 79 фоизро ташкил медиҳад.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябр ва ноябр сурат мегирад.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон расман мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Даъвати тирамоҳӣ то 30 ноябр давом мекунад.

 Ин нахустин даъват дар пайи қабули қонун дар дар бораи хидмати алтернативист. Бар асоси он, шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати ҳарбӣ бираванд, метавонанд бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат, ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд. Бисёриҳо умедворанд, ки ин қонун заминаро аз зери пои коррупсия дар сохторҳои комиссариатҳои ҳарбӣ зада, ба таҷрибаи бадномшудаи “облава” нуқта мегузорад.

Хизмати ҳарбӣ  дар Тоҷикистон барои мардони ҷавони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм кардаанд,  ҳатмӣ буда, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи  қонун, ба шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм мекунанд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ва ба таври амалӣ аз худ кардани донишҳои ҳарбии андӯхтаашон сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳазор нафар баршумурда мешавад, вале қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар даъват ба ҳамагӣ 7 то 8 ҳазор наваскар ниёз доранд. Чунин таносуби бузурги байни тақозо ва пешниҳод заминаро барои коррупсия ҳамвор кардааст.

Қарори маълум, қаблан ҳар даъват ба саффи артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳои фаровон аз “облава” ҷараён мегирифт. “Облава” номест, ки мардум ба мавридҳои дар кӯчаю бозор ва ҳатто аз хонаҳояшон маҷбуран доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли хидматӣ гузоштаанд. Дар ҳар мавсими даъват дар Интернет видеоҳои зиёде гузошта мешуд, ки чӣ гуна кормандони мақомот ҷавононро дар кӯча дошта, ба мошинҳо бор мекунанд, то ки ба комиссариати ҳарбӣ баранд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Бо гузашти 20 рӯз аз оғози мавсими тирамоҳии даъват то ҳол дар бораи мавридҳои нави “облава” аз Тоҷикистон шикояти ҷиддие ҳанӯз ба даст нарасидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button