Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУ СОКИНИ НОҲИЯИ ВАНҶ ДУЧОРИ ҲАМЛАИ ХИРС ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки соати даҳи субҳи 19 октябри соли 2021 ду сокини деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба ҳамлаи хирс рӯбарӯ шудаву шадидан захмӣ гаштанд. Ин ду нафар, ки як 14-сола ва дуюмӣ 48 сол дошт, субҳи бармаҳал барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд.

Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар ҷангали деҳаи Ғумаст ногаҳон як хирс ба онҳо ҳамла кардааст. Ҳарду захм бардоштаанд, захми яке сабук ва дуюмӣ вазнин гузориш шудааст.

Хушбахтона сокинони сари вақт ба кумакашон расиданд ва ба беморхона интиқол додаанд. Дар айни замон вазъи саломатии ҳарду муътадил аст ва духтурон мегӯянд ба онҳо хатаре таҳдид намекунад. 

Маъмулан тирамоҳ фаслест, ки хирсҳо фаъол мешаванд. Сабаби ин он аст, ки дар бешазорон меваи дарахтон пухта мерасанд ва ин боиси муҳоҷирати мавсимии хирсҳо мешавад. 

Аммо чӣ бояд кард, ки аз ҳамлаи ногаҳонии  хирсҳо ҷони худро ҳифз кунем. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тавсияҳои зерро дар мавриди рӯбарӯ шудан бо ин дарандаи хатарнок дар кӯҳҳо ироа мекунад:

  • Агар шумо бо хирс рӯбарӯ шудед, дар ҷойи худ қарор гиред. Оромиро ҳифз кунед, гӯё аслан коре нашудааст ва ҳамзамон вазъро арзёбӣ кунед. Агар хирс шуморо надид, пас талош кунед оромона пайи кори худ равед, на ки паси хирс равед.  
  • Агар хирс ба тарафи шумо ҳаракат кард, талош кунед худро таҳдидшуда нишон надиҳед. Ором бошед, дар ҷойи худ истед. Тарси худро нишон надиҳед, баландтар доду фарёд кунед, зарфҳоро (агар дошта бошед) ба ҳам занед, то садо баландтар шавад, ғалоғула бештар. Ба ин василаҳо ба ҳайвон мефаҳмонед, ки шумо одамед.   
  • Агар хирс дарк накард, ки шумо кистед, вай метавонад наздиктар ояд ва ё бо ду пойи ақиб бархезад, то шуморо дурусттар тамошо кунад ва ё бӯй кашад. Агар чунин кард, шумо ҳаргиз ба воҳима дода нашавед. Хирси роститода назари кунҷковона дорад ва дар ин ҳолат вай хатарнок нест. Талош кунед аз назди хирс дур шавед, вале боз ҳам аз вай чашм наканед. Агар хирс ҳамроҳ бо шумо ба ҳаракат даромад, пас дар ҷойи худ истед.
  • Ба умеди ҳимоя аз ӯ ҷонибаш чизе партоб накунед. Ин кори шумо боис мешавад, ки хирс ба шумо ҳамла кунад. 
  • Надавед, фирор накунед! Аздусар аз хирс тезтар давида наметавонед. Вай метавонад бо суръати 40 км дар як соат ҳаракат кунад ва дар ҳар ҳолат шуморо ба замин мехобонад.

Чӣ бояд кард, то бо хирс дар кӯҳҳо рӯбарӯ наоед?

  • Ҳамеша ба хирс бо ҳар васила расонед, ки шумо дар кӯҳед. Барои ин бо садои баланд таронасароӣ кунед ва ё баланд-баланд суҳбат кунед, ҳарф занед, гӯё бо касе суҳбат доред. Метавонед ҳатто дар борхалтаи худ зангӯла овезед ва ё истаконе бо қошуқ. Ин ба ҳайвон имкон медиҳад, ки шуморо сари вақт мушоҳида кунад ва аз наздатон дур шавад. 
  • Танҳо кӯҳгардӣ накунед.
  • Аз роҳҳои маъмулӣ берун нашавед. 
  • Ғизои худро нагузоред, хирс ҳисси басо инкишофёфтаи кашфи бӯйи ғизоро дорад ва ин кори шумо ӯро ба тарафатон ҷалб мекунад.   
  • Агар шумо ҳангоми гаштугузор дар кӯҳҳо ва бешаҳо лошаи ҳайвоноти мурдаро дидед, ба он наздик нашавед. Ин метавонад луқмаи монда аз хирс бошад ва хирс ҳамеша аз боқимондаи ғизои худ ҳимоя мекунад. Метавонад ба шумо даруфтад.   
  • Бо роҳҳои ҳайвонгард наравед, зеро ин роҳҳо метавонанд шуморо ба назди дарандагон баранд. 

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ХИРСИ МАЛЛА АЗ  КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

Аз оилаи хирсҳо‒UrsidaeЗернамуди  осебпазир.  Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи 1  Конвенсия  «Дар  бораи  савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) ворид гардидааст. Дар минтақаҳои кўҳии Тоҷикистони Шимолӣ,  Марказӣ,  Бадахшон ва Помири Шарқи паҳн гардидааст. Дар минтақаи арчазор, бешаҳои  дарахтони паҳнбарги дорои дарахтони сафедор,  фарк, чормағз, олуча ва дараҳои кўҳии беҷангал  ва  баъди  хоби  зимистона  дар  қисмати  болоии  кўҳҳо маскан мегирад.

Дар  солҳои  охир  муҳити зисти  хирси малла  дар  ҳудуди Тоҷикистон  беҳтар гардида, афзун гардидани саршумори он ба мушоҳида  мерасад. Дар  ҳудуди мамнуъгоҳи  «Ромит»  20-­25 фарди  он  ба  қайд  гирифта  шудааст. Саршумори  нисбатан  ками  хирси малла барои Бадахшон ва Помири  Шарқӣ  (50­-60 сар) хос  аст. Саршумори умумии хирси малла 700­-800 сар баҳогузорӣ карда мешавад.

Дар синни 3 солагӣ болиғ мегардад. Охирҳои май (дар  муддати 35­40 рўз) ҷуфт  мешаванд. Давраи  ҳомилагии  он  7­7,5 моҳ  идома меёбад. Модина дар моҳи январ 2 ва баъзан 1 бача мезояд. Аз рУстанӣ  ва  ҳайвоноти  гуногун камол, ревоҷ, олуча, себ, чормағз, тут, олу, ҳайвоноти бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадор ва ҷасади онҳо ғизо мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button