ВидеоТаърихТоҷикистон

ВИДЕО: АҲВОЛИ ҚАБРҲОИ САНГАК САФАРОВ, СУЛТОН ЧОЛОВ ВА ЛАНГАРӢ ЛАНГАРИЕВ ДАР ҚАБРИСТОНИ КӮЛОБ

Ютуб-канали Music prom 2020 видеои панҷдақиқагиеро аз қабристоне, ки дар он фармондеҳони дар замонаш пурнуфузи Фронти халқӣ аз шаҳри Кӯлоб Сангак Сафаров, Лангарӣ Лангариев ва Султон Чолов ба хок супурда шудаанд, нашр кард.

Дар видео дида мешавад, ки қабри Лангарӣ Лангариев дар болои теппа ҷойгир шуда ва дар гирдаш аз хишт мақбараи муҳташаме ҳам бино кардаанд. Лангарӣ Лангариев, ки дар тирамоҳи соли 1992 дар як садама сахт маҷруҳ шуда буд, дигар аз бистарӣ беморӣ барнахеста, соли 1993 вафот кард ва амалан пирӯзии Фронти халқиро дар ҷанги шаҳрвандӣ надид.

Вале бар рӯи қабри  фармондеҳи дигари Фронти халқӣ Султон Чолов, ки соли 1998 дар синни ҳамагӣ 36 аз дунё рафт, танҳо санги ёдгорӣ гузоштаанд ва дигар мақбарае насохтаанд.

Санги қабри Султон Чолов ҳам зоҳиран нигоҳубин намешавад, чунки ранги зарҳали навиштаҳои бар он ҳаккокӣ шуда алакай кӯр шудаанд ва катибаи санги мазори ӯро ба зӯр хонда мешавад.

Аз чор мисраъ, ки дар санги мазори Султон Чолов китобат шудааст, танҳо мисраи аввалаш хонда мешавад ки дар он навиштаанд:

Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ…

Се мисраи дигар ба андозае кӯр шудааст, ки хонда намешавад.

Дар атрофи қабри асосгузори Фронти халқӣ Сангак Сафаров, тавре ба назар мерасад, нақшаи сохтани мақбараи бузург вуҷуд доштааст, вале онро то ба охир нарасондаанд ва танҳо чанд пояи бетонии солҳо пеш сохта шуда боқӣ мондаасту халос. Қабри Сангак Сафаров, ки 30 марти соли 1993 дар як муноқишаи мармуз бо Файзалӣ Саидов, яке дигар аз фармондеҳони аввали Фронти халқӣ дар ноҳияи Бохтар (ҳоло Кушониён) кушта шуд, ҳатто санги ёдгорӣ надорад.

Аммо дар қабри Сафаров Назрӣ Сангакович, ки 22 июни соли 1980 ба дунё омада, 13 июни соли 1995 дар остонаи зодрӯзи 25-умашаз дунё рафтааст, санги ёдгорӣ гузошта шудааст, ки дар он таърихи таваллуд ва вафоти ӯ ва ҳам ин ду байт ҳаккокӣ шудааст:

Дареғ аз умри кӯтоҳат,

Зи дунё ту ҷавон рафтӣ.

Нагашта сер аз дунё

Ба марги ногаҳон рафтӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бачаи Сангак Сафаро соли 1980 таваллуд шуда, соли 1995 вафот кардааст. Ӯ чӣ хел метавонад, ки дар сотонаи 25 солвгӣ вафот мекард?…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button