ВидеоТоҷикистонҶомеа

ҚОТИЛИ РУФЕЙДАИ 8-СОЛА БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 19 октябр Раҳматулло Гадоев, сокини 31-солаи шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми таҷовуз ба номус ва қатли ваҳшиёнаи духтари 8-солаи ҳамсояашон Руфейда Иноятова ба ҳабси умрбод маҳкум кард.  Мурофиаи ин парванда дар Додгоҳи олӣ рӯзи 12 октябр оғоз ёфт ва ба далели ҳассосияташ пушти дарҳои баста гузашт.

Додгоҳи олӣ ҳанӯз расман иттилоияе дар бораи ин парвандаи пурсарусадо нашр накардааст, вале Зебо Муборова, вакили мудофеи хонаводаи Иноятовҳо ва Валиҷон Иноятов, падари Руфейда тасдиқ карданд, ки додгоҳ қотилро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Валиҷон Иноятов гуфт, аз ҳукм розӣ аст, чунки онҳо тарафдори он буданд, ки ба қотили духтари маъсумашон додгоҳ ҳукми умрбод бидиҳад.

Ин кӯдаки маъсум нимаи дуюми рӯзи 4 июл гум шуд ва рӯзе баъд ҷасади пора-пораашро аз даруни ҳоҷатхона пайдо карданд. Ташхис муайян кард, ки қотил пеш аз куштан ба номуси Руфейда таҷовуз кардааст.

Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят мақомот ду рӯз баъд ҳамсояи онҳо Раҳматулло Гадоевро, ки баъди ин ҳодиса ба вилояти Суғд фирор карда буд, дастгир карданд.

Ӯро дар шимоли Тоҷикистон дар манзили волидони ҳамсараш дастгир карданд. Гадоев дар як гузориши вижае, ки ВКД тавассути ТВ “Тоҷикистон” намоиш дод, эътироф кард, ки дар ҳолати мастӣ даст ба ин ҷинояти нангин зада, нисбат ба кӯдаке, ки ҳамсол ва дугонаи духтараш буд, чунин корро раво дидааст.

Дар пайи қатли ваҳшиёнаи Руфейда бисёриҳо талаб доштанд, ки ҳукми қатлро барои чунин ҷиноятҳо барқарор кунанд ва ба қотили ин кӯдаки маъсум ҳукми қатл дода, ин ҳукмро дар байни мардум иҷро кунанд, то барои боқӣ педофилҳо дарси ибрат шавад.

Дар Тоҷикистон рӯи судур ва иҷрои ҳукми қатл аз соли 2004 мораторий эълон кардаанд. Ҳоло ҷазои аз ҳама олӣ дар ин кишвар ҳукми ҳабси умрбод аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button