АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИСТЕЪФОИ ЗАЛМАЙ ХАЛИЛЗОД БАЪДИ БА ҚУДРАТ РАСИДАНИ ТОЛИБОН

Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико дар умури сулҳ бо Толибон, баъди ба қудрат расидани ин гуруҳи тундрав ва хуруҷи осемасарона ва пур аз ҳарҷу марҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон аз мақомаш истеъфо дод.

Дар аризаи истеъфояш ба номи вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен, Халилзод иқрор кард, ки “созишномаи сиёсӣ байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон тибқи нақша пеш нарафт.”

Халилзод дар аризааш навиштааст, ки дар бораи сабабҳои печидаи чунин сурати ҳол ӯ фикрҳои худро рӯзҳои наздик баъди тарки мансаб баён хоҳад кард, вале афзудааст вай, президент Доналд Трамп дар вақташ ӯро баъди он ба мақоми намояндаи хоси Амрико дар умури раванди сулҳи Афғонистон овард, ки “оиди ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додан ва қатъ кардани бори хароҷоти ҳарбию иқтисодии Амрико дар Афғонистон ва равона кардани ин маблағҳо ба масоили ҳаётан муҳиме, чун эҳтиёҷоти худи Амрико ва ҳалли мушкилоти марбут ба Хитой тасмим гирифта шуд.”

Энтони Блинкен бо изҳори сипос ба Халилзода барои “даҳсолаҳои хидмат ба Амрико” хабар дод, ки ба ҷои ӯ муовинаш Томас Вест фиристодаи нави Амрико дар умури Афғонистон таъйин шуд.

Қаблан Халилзод дар мусоҳибааш бо “Financial Times” аз президенти фироркардаи Афғонистон Ашраф Ғанӣ гила карда буд, ки ба онҳо ваъда дода буд, ки ҳукуматаш метавонад чанд соли дигар ба зидди Толибон истодагарӣ кунад, вале ҳанӯз сарбозони амрикоӣ берун норафта, бидуни хабардор кардани Вошингтон аз Кобул фирор кард.

Аммо мунтақидон бар инанд, ки маҳз Залмай Халилзод, ки худ пашту буд, Ғарб, бавижа Амрикоро моил ба он кард, ки дар сиёсати худ дар қиболи Афғонистон сирф рӯи паштуҳо ҳисоб кунанд ва дар натиҷа Ғарб ду даст дар бинӣ монд: Толибон, ки эътилофи кишварҳои Ғарб ба зиддаш 20 сол ҷангид, қудратро дар Афғонистон дубора ғасб кард, ҳукумати таҳти ҳимояти Ғарб бо артиши гӯё 300-ҳазории муҷаҳҳаз бо силоҳҳои муосиру тонку ҳавопайморо дар байни ҳамагӣ чанд рӯз аз ҷониби як тӯдаи ҷангҷӯёни мотосиклсавор торумор карда шуданд.

Залмай Халилзод 71 сол дорад. Ӯ 22 марти соли 1951 дар шаҳри Мазори Шариф ба дунё омада, дар Кобул ба воя расидааст ва Донишгоҳи амрикоиро дар Бейрут, пойтахти Лубнон хатм кардааст. Лозим ба ёдоварист, ки президенти фироркардаи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳамсабақи Халилзод дар Бейрут буд.

Халилзод дар тӯли ду даҳсолаи ахир, бахусус дар маъмуриятҳои президентҳои ҷумҳурихоҳ яке аз дипломатҳои калидии Амрико ба шумор мерафт.Дар даврони Ҷорҷ Буши хурдӣ ӯ сафири Амрико дар Созмони Милал, Ироқ ва Афғонистон буд. Трамп ӯро фиристодаи хос дар умури сулҳ бо Толибон таъйин кард ва ӯ баъди рафтани Трампу омадани Ҷо Байден ҳам дар ин мақом монд, то раванди хуруҷи нирӯҳои Амрикоро аз Афғонистон роҳбарӣ кунад.

Дар мусоҳибааш бо “Financial Times” Халилзод гуфта буд, ки Амрико бо Толибон тавофуқ карда буд, ки ҷангҷӯёни толиб ба Кобул наздик намешаванд, вале баъди фирори осемасаронаи президент Ғанӣ ин тавофуқ аз ҳам пошид. “Ҳатто баъди ин ҳам мо бо Толибон тавофуқ карда будем, ки онҳо вориди Кобул намешаванд”, –  гуфта буд Халилзод.

Агар ҳатто ин иддаои ӯ рост бошад, пас Толибон тавонистаанд моҳирона ба сари як дипломати пуртаҷрибае, ки дар тӯли 20 сол самту сӯи сиёсати Амрико нисбат ба дунёи Исломро муайян мекард, кӯлоҳ гузоранд ва ӯро мисли кӯдак фиреб диҳанд. Ҳарчанд мунтақидонаш бар инанд, ки Залмай Халилзод аз оғози музокираҳо бо Толибон ба қудрат расондани онҳоро ба ҳадаф дошт ва пайгирона ҳамин ҳадафро дунбол мекарду дар ниҳоят ба мақсад расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button