ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ГОВСУДИ ИЗЗАТ АМОН: ҲОМИИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19 октябр Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро бо ҷурми “қаллобӣ” ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба “Азия Плюс” адвокати Иззат Амон Саидбурҳон Шарифов хабар дод.

Адвокат гуфт, онҳо аз ҳукм розӣ нестанд ва аз он шикоят хоҳанд бурд. Ба гуфтаи Шарипов, додгоҳ нисбат ба муваккили ӯ қонуни афвро аслан татбиқ накардааст ва ин дар ҳолест, ки тибқи қонуни афв, Иззат Амон, ки ҳамаи маблағҳои даъвоиро пардохт карда буд,  бояд аз толори додгоҳ ба озодӣ мебаромад.

«Додгоҳ умуман, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”- ро поймол карда, ба зерҳимояи ман ҳукм содир кард. Ин ҳукм  ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид»,- гуфт Саидбурҳон Шарифов.

Иззат Амон рӯзи 25 марти соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд рӯз баъди лағви шаҳрвандии русиаш, ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад ва ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш дар УБОП бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебурд ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул буд. Ӯ дар баҳори соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи густардаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button