ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ФАРХОР ДӮКОНИ АРАҚФУРӮШИРО ДУЗД ЗАДААСТ

Ҷавонзани 21-солаи сокини Душанбе бо гумони дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 66 ҳазор сомонӣ аз манзили як сокини ноҳияи И.Сомонӣ боздошт шуда,  марди 40-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшуда аз ноҳияи Фархор ба он гумонбар мешавад, ки соати яки шаби 17 ба 18 октябр  аз мағозаи арақфурӯшӣ дар шаҳраки Фархор 14 ҳазору 200 сомониро дуздидааст.

хххххххххххххххх

Рӯзи 18 октябр, соати 14:30, дар ҳудуди ҷамоати Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров як кӯдаки ҳафтсола зери чархи мошини “Мерседес” ҳалок шудааст.

хххххххххххххххх

Сокини 35-солаи  Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки се сол боз 110 ҳазор сомонӣ пули мошини “Тойота-Королла”-ро ба соҳибаш надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 66 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.


Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда шаби 17 ба 18-уми октябри соли 2021, тахминан соати 01:00, бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи фурӯши машрубот, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Фархор, ки ба марди 38-солаи сокини шаҳраки Фархор таалуқ дорад, даромада, аз он ҷо 14 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ноболиғ зери чархи «Мерседес-Бенс»

Рӯзи 18-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мукарамзода Ғайрат Маҳмадсабур, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Абдуҳафиззода Муслима, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматовро пахш намудааст.Дар натиҷа, ноболиғ Абдуҳафиззода М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2018 марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла»-ро ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button