ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

САФИРИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ГИРИФТОРИ КОРОНАВИРУС ШУДААСТ

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбеков гирифтори коронавирус шудааст ва ин далел рӯзи 18 октябр дар ҷаласаи кумитаи умури байналмилалӣ, амният ва мудофиаи Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон иштирок карда натавонист, хабар дод нашрияи қирғизии 24.kg.

Рустенбеков бояд ба аъзои кумита дар бораи вазъи муносибатҳо бо Тоҷикистон ҳисобот медод.

Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ойбек Ортиқбоев аз кумита хост, ки баррасии  ин масъаларо ба таъхир гузоранд. “Рустенбеков бемор шудааст. Хоҳиш мекунем, ҳисоботи ӯро ду ҳафта ақиб гузоред”, —  муроҷиат кард ба вакилон Ойбек Ортиқбоев.

Маълум нест, ки Рустенбеков дар Тоҷикистон ба коронавирус гирифтор шудааст ё дар Қирғизистон? Таври маълум, вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 13 май ба ин тараф пойфишорона ҳисобот медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Дар байни бештар аз як моҳ ин вазорат танҳо як рӯзи 15 октябр дар бораи сабт шудани ду ҳолати нави сироят ба коронавирус хабар дод, вале маълум нест, ки оё яке аз ин ду нафари сироятшуда сафири Қирғизистон буд ё хайр?

Рӯзи 18 октябр дар ҷаласаи кумитаи парлумон вакил Абдувахоб Нурбоев ба муовини вазири хориҷа хотиррасон кард, ки ин кумитаи Жогорку Кенеш қаблан ба Рустенбеков изҳори нобоварӣ карда буд.

“Шумо кай ба ҷои вай сафири нав таъйин мекунед? Кумита қарор бароварда буд, ки Жаниш Рустенбеков фаро хонда шавад. Ӯ медонад, ки бояд биравад ва аз ин рӯ, кор намекунад. Вале мо бояд то рафтанаш ҳисоботи ӯро шунавем. Бояд бидонем, ки ӯ се сол ба чӣ кор машғул буд? Барои чӣ коре маош мегирифт?” — изҳор дошт Нурбоев.

Рӯзи 10 май, ҳамагӣ чанд рӯз баъди муноқишаи хунин дар марз бо Тоҷикистон вакили Жогорку Кенеш Каромат Орозова ба кумитаи парлумон пешниҳод карда буд, ки масъалаи масъулияти Рустенбеков дар ин ҳодисаҳоро баррасӣ кунад. Ӯ гуфт, Рустенбеков натавонист ба беҳбуди муносибатҳои Бишкек бо Душанбе ноил шавад.

 “Аз замони таъйини ӯ ба мақоми сафир муноқишаҳо дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳеҷ тамом намешаванд. Ӯ бояд нафақат аз кор гирифта шавад, балки бояд ба ҷавобгарӣ ҳам кашида шавад”, — талаб карда буд он вақт Каромат Орозова.

Жаниш Рустенбеков  декабри соли 2018 сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд.

Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳонае рӯй дод, ки 55 кушта ва 240 захмӣ ба ҷо гузошт. Аксари кушташудаҳову захмиҳо аз тарафи Қирғизистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button