ВидеоҲодиса

РАСОНАҲО: ДОИШ ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН БА АСКАРГИРӢ САР КАРДААСТ

Созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба таври фаъолона ба ҷалби аъзои нав дар вилоятҳои шимол ва шарқи Афғонистон шурӯъ кардааст. Дар ин бора аз қавли яяк вакили собиқи парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз Телеграм-канали Военный обозреватель хабар дод. Ин нашрия зикр кардааст, ки Афғонистон маҳз дар шимол бо Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Ин нашрия ҳамчунин ёдовар шудаастюки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои СНГ гуфт, “террористҳо аз Сурияву Ироқ ба сурати фаъолона аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон омада истодаанд ва метавонанд аз онҷо ба тавсиаталабӣ (экспансия) ба тарафи кишварҳои ҳамсоя сар кунанд.”

Ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон, ки ахиран Афғонистонро ғасб карданд, иддао доранд, ки метавонанд мустақилона хатари ДОИШро бартараф кунанд. Онҳо дар ин масъала ҳатто ҳамкорӣ бо Амрикоро рад карданд.

Вале ҷараёни ҳодисот нишон медиҳад, ки Толибон зоҳиран тавони пурра гирифтани пеши роҳи ДОИШро надоранд. Танҳо дар як ҳафтаи охир ҷангҷӯёни ДОИШ масъулияти се ҳамлаи хунини маргталабона ба масҷидҳои шиъаҳо дар Кобул, Сайидободи Кундуз ва Қандаҳҳорро, ки ҳудуди 200 кушта ба ҷо гузошт, ба дӯш гирифтанд. Қаблан доишиҳо аз гуруҳи “ДОИШ-Хуросон” масъулияти қатли ҳудуди 100 нафар бар асари ҳамлаи маргталабона дар фурудгоҳи Кобулро ҳам ба гардан гирифта буданд.

Дар Душанбе тарс доранд, ки ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистон ҳам аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон омадаанд ва дар сар қасди ба ин тарафи Панҷу Амӯдарё ва пеш аз ҳама ба Афғонистон густариш додани ҷабҳаи ба ном “ҷиҳод”и худро доранд. Ҳимояти комили 1425 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш имконпазир ба назар намерасад.

Дар Афғонистон дар саффи ҳаракати тундрави Толибон низ даҳҳо ҷангҷӯи зодаи Тоҷикистон меҷанганд. Муносибатҳои байни Душанбе ва Толибон баъди қудратро дар Афғонистон ба даст овардани ин гуруҳи тундрав сард ва ҳатто душманона боқӣ мемонанд ва дар Душанбе ин ташвиши начанд беасос вуҷуд дорад, ки Толибон ба нишони интиқом  ба пуштибонии Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд метавонанд ин ҷангҷӯёни тоҷикистонии ба Толибон содиқро барои анҷоми шабехун ва ҳамлаҳои мусаллаҳона ба қаламрави Тоҷикистон истифода кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button