Коррупсия

КОРМАНДИ БАХШИ МАХФИИ КОМИССАРИАТИ ХАТЛОН БА ПОРАХӮРӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки ба зидди Раҷабалӣ Дӯстов, сардори дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ин парвандаро барои тафтиш ба дасти сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ супурдааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, “Дӯстов Раҷабалӣ Ҷумъахонович дар вазифаи сардори дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.”

Бино ба ин манбаъ, “дар натиҷаи чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Дӯстов Р.Ҷ. баъди бевосита талаб кардан ва гирифтани маблағи 22 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 22000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”

Ба Дӯстов бар асоси қисми сеюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомонӣ) ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хабари боздошти ӯ дар ҳоле нашр шуд, ки дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Мавсими даъват 1 октябр оғоз ёфта, то 30 ноябр давом мекунад.

Ахиран дар Тоҷикистон қонун дар бораи хидмати алтернативӣ ҳам қабул шуд, ки бар асоси он, шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати ҳарбӣ бираванд, метавонанд бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ба буҷаи давлат ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд.

Маълум нест, ки чаро шаҳрванд “А” ба ҷои расман раҳо кардани бародараш аз хидмат бо пардохти 25 200 сомонӣ ба додани 22 ҳазор сомонӣ ба ҳайси пора бартарӣ додааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button