ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҲАЁТ НЕЪМАТИ САМАРҚАНДӢ, ЯК РАМЗИ ТОҶИКОНИ САМАРҚАНД АЗ ОЛАМ РАФТ

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, адиби шинохтаи тоҷик субҳи 18 октябр дар зодгоҳаш Самарқанд вафот кард. Бино ба иттилои фарҳангиёни Самарқанд, ки даргузашти Ҳаёт Неъматро як зарбаи сангин ба аҳли адабиёт ва фарҳанги ин минтақаи тоҷикнишин мешуморанд маросими намози ҷанозаи адиби маъруф соати 14 дар деҳаи Кӯи Сахо (Кӯсаҳо) дар ноҳияи Самарқанд баргузор мешавад.

Ҳаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд ба дунё омада, дар чорсолагӣ бар асари як фалоқат маҷруҳ гардида, аз пои равон маҳрум шуд.

Ӯ ҳаштуним сол дар бистари беморӣ дар бемористон ба сар бурда, то синфи 7 дар мактаби русии назди бемористон ва аз синфи 8 дар мактаби №16 таҳсил кардааст. Ҳаёт Неъмат аз соли 1965 то 1983 ба ҳайси муҳосиб ва сармуҳосиб дар идораи маорифи ноҳияи Самарқанд ва аз соли 1983 то 1996 ба ҳайси сармуҳосиби идораи маорифи вилояти Самарқанд кор карда, дар ин байн соли 1982 риштаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Самарқандро ҳам хатм кард. Барои солиёни кораш дар соҳаи маориф Ҳаёт Неъмат сазовори унвони Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон шудааст.

Ҳаёт Неъмат аз овони наврасӣ шеър мегуфт ва ашъораш дар маҷмӯаи “Шир..! Шеър..! Шер!” нашр шудаанд. Ӯ ҳамчунин садҳо ғазал аз Саъдӣ, Ҷомӣ ва Хумайниро ба ӯзбекӣ тарҷумаву нашр карда, муаллифи чанд драмаи манзум, аз ҷумла «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» иборат аз ду намоишномаи «Бародаркуш» ва «Фаромӯшӣ», мебошад.

Ҳаёт Неъмат беш аз 30 сол  тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро фароҳам оварда, то поёни умраш ба таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти шахсиятҳои баруманд ва озодихоҳи тоҷик машғул буд. Дар соҳаи адабиётшиносӣ низ доир ба эҷодиёти Мавлавӣ чанд таҳқиқоти илмӣ дошт, ба монанди монографияҳои «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017).

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ яке аз муборизони фаъол барои ҳифзи забони тоҷикӣ дар Самарқанд ва дигар минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон буд ва дар даврони президентии Ислом Каримов ҳатто ба Тоҷикистон паноҳ овард ва чандин сол дар хобгоҳи вазорати фарҳанг дар Душанбе ба сар бурд. Танҳо баъди марги Каримов Ҳаёт Неъмат тавонист ба зодгоҳаш Самарқанд баргардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button