ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҲАМДЕҲААШРО 3 КОРД ЗАД: ОДАМКУШӢ ДАР ҶАМОАТИ РАВШАНИ ЗАФАРОБОД

Сокини 39-солаи ҷамоати  Равшани ноҳияи Зафаробод ба он гумонбар мешавад, ки шаби 16 октябр, тахминан соати 20:00, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ, ба сабаби “муносибати оштинопазирӣ” бо ҳамдеҳаи 35-солааш ҷанҷол намуда, ӯро 3 корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 110,  қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Сабаби “муносибати оштинопазир” байни ин ду сокини Равшан, ки бо чунин оқибати талх анҷом ёфт, гуфта нашудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 18 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 39-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Номбурда, 16-уми октябри соли 2021, тахминан соати 20:00, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ, бо марди 35-солаи ҳамдеҳааш аз сабаби муносибати оштинопазирӣ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 3-маротиба ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 29-сола бо ҷурми дуздии чорво

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 11-уми октябри соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои саҳроии хоҷагии деҳқонии ба номи «Юсуфҷон-1», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғулакандоз 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 41-солаи сокини ҳамин ҷамоат тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button