ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 3 САДАМАИ 2 РӮЗИ АХИР

Дар се садамаи рӯзҳои истироҳат дар роҳҳои Тоҷикистон  4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба иттилои ВКД, аз ҷумла шаби шанбе, 16 октябр бар асари ба “Опел” бархӯрдани “Ҳундай Элантра” дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ дар ҳудуди ҷамоати Зарҳалол дар канори шаҳри Истаравшан ду мусофири  25 ва 23солаи “Ҳундай”, ҳарду сокинони Панҷакент ҷон бохта, ронандаи ин мошин ва як мусофири дигараш маҷруҳ шудаанд. Ҳамчунин рӯзи шанбе, соати 16:40 бар асари бархӯрди  “Москвич-412” бо ВАЗ 2107 дар ҳудуди ҷамоати Хистеварз дар роҳи Конибодом-Деҳмой-Ғафуров як мусофири “Москвич” ҳалоку ронандааш захмӣ шудааст. Ва рӯзи 17 октябр, соати 15:10 як кӯдаки 11сола дар ҷамоати Пошкент дар канори Истаравшан зери чархи “Опел” ҷон бохтааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16-уми октябри соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Элантра», Тоҷиев Матлуб Кобилҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Ваҳҳобов Бобурҷон Ҷаҳонгирович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Зарҳалол, ки ба самти роҳи иловагӣ тарафи чапи роҳ гардиш мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, Холиқов Расул Рабимович, соли таваллудаш 1996 ва Ашуров Парвиз Хақбердиевич, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Панҷакент аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Элантра», Тоҷиев М.К. ва дигар мусофираш, Усмонов Сомоншоҳ Ҷовидович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин, 16-уми октябри соли 2021, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашнаи тамғаи «Москвич-412», Шарипов Ибрагим, соли таваллудаш 1953, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой-Ғафуров», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба ядаки автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107», таҳти идораи ронанда, Зоидов Махсудҷон Муродҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Москвич-412», Абдуллоева Саодат Қаюмовна, соли таваллудаш 1956, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Москвич-412», Шарипов И. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мутаассифона, рӯзи 17-уми октябри соли 2021, тахминан соати 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳалимов Ҳотамҷон Одинахоҷаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Чонбахти ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шокиров Зафар Латифович, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Пошкентро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Шокиров З.Л. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button