ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЭСТОНИЯ БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 30 000 ЕВРО

Пулиси кишвари аврупоии Эстония ду шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардааст. Бино ба фарзияи пулис, ин ду нафар, ки дар Латвия ҳаққи иқомат доштаанд, 4 ҳазор евро як сокини шаҳри Тартуро тасарруф карда, қасди бо роҳи фиреб аз худ кардани қариб 26 ҳазор евро пули ин марди солхӯрдаро ҳам дар сар доштанд, вале дар натиҷаи як амалиёти вижа ба даст афтоданд.

Хадамоти матбоути додситонии ҳавзаи Лиунас хабар дод, ки рӯзи 14 октябр пулис иттилоъ гирифт, ки қаллобон мехоҳанд 26 ҳазор евро пули як сокини кӯҳансоли Тартуро бирабоянд.

Бино ба нақли раҳбари дафтари криминиталии Лиунас Райн Восман, қаллобе, ки бо ин сокини Тарту дар тамос шудааст, ба забони русӣ суҳбат карда, худро корманди бонки Swedbank муаррифӣ кардааст ва гуфтааст, ки бонк барои муайян кардани коргардони дасташон қалб як амалиёти вижа баргузор карда истодааст.

Восман мегӯяд: Аз марди солхӯрдаи ба дом афтода хостаанд, ки ба бонк омада, аз ҳисоби бонкиаш маблағи зиёдро гирифта, ба намояндаи онҳо диҳад. Ӯро итминон додаанд, ки баъди анҷоми амалиёт пулҳояро бармегардонанд. Мо барои муайян кардани шахсияти қаллобон ва ҷилавгирӣ аз ин фиреб амалиёти пулисро ба роҳ андохтем. Дар натиҷа маълумоти ҷамъшуда рӯзи дигар пулисро ба шаҳри Йихви овард. Дар инҷо ду гумонбар ба қаллобиро дар ҷои ҷинояташон дар назди як шуъбаи пулис дастгир кардем.”

Қаллобон натавонистанд нақшаи рабудани 26 ҳазор евроро то охир бирасонанд, вале аз ин пеш онҳо алакай тавонистанд, ки аз ҳисоби ин бечора 4 ҳазор евроро бигиранд.

Додситони Лиунас Кюлли Сакс мегӯяд, акнун ҳукми ҳабси ин ду дастгиршуда амри ногузир аст. Ба ақидаи хонум Сакс, “ҳалқаҳое, ки ба чунин қаллобӣ даст мезананд, хеле бузургтараннд ва ин ду нафари дастгиршуда танҳо як ҳалқаи ин занҷир аст. Маълумоти ҷамъоварда нишон медиҳад, ки гумонбаршавандаҳо дар сурати дар озодӣ боқӣ мондан, ба эҳтимоли ғолиб билофосила тарки Эстония карда, аз тафтишот фирор мекарданд. Аз тарафи дигар, ҳабси онҳо имкон медиҳад, ки аз таркори чунин ҷиноятҳо дар берун аз Эстония ҳам ҷилавгирӣ шавад. Вале танҳо ин ду нафар нест, ки даст ба чунин қаллобӣ мезананд ва сокинон бояд ҳушёр бошанд ва ба касони бегона имкони дастрасӣ ба ҳисобҳои бонкии худро надиҳанд.”

Райн Восман гуфт, бо айни шева имсол дар Эстония чанд мавриди дигари қаллобӣ содир шуда буд ва ҳоло тафтишот таҳқиқ мекунад, ки оё байни ин мавридҳои қаллобӣ ва ҷинояткороне, ки онҳоро содир карданд, чӣ иртиботе ҳаст ва боз кӣ узви ин шабакаи қаллобон буда метавонад? Вос ман ҳам гуфт, ки ягон кормманди бонк аз муштарӣ парол намепурсад ва аз ҳисобаш гирифтани пули нақд ва ба ӯ доданро талаб намекунад. “Ин корро фақат ҷинояткорон мекунанд. Барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳои қаллобӣ пулис бо бонкҳо ҳамкорӣ дорад ва кормандони бонкҳо ҳангоми аз ҳисоб гирифтани маблағи бузург аз муштариён сабаби пули нақд гирифтанашонро мепурсанд. Вале қаллобон маъмулан нафарони ба домашон афтодаро огоҳ мекунанд, ки агар дар бонк сабаб пурсиданд, чизе нагӯянд. Дар ин сурат, агар муштарӣ нахоҳад, бонк наметавонад аз пасандози ӯ ҳимоят кунад. Аз ин рӯ, мардум бояд дар бораи чунин шеваҳои қаллобӣ маълумот дошта бошанд ва пароли ҳисобҳои худ ва пули худро ба ҷинояткорон надиҳанд”, гуфт раҳбари пулиси Лиунас.

Эстония  яке аз 3 ҷумҳурии собиқи шӯравии соҳили Балтик аст, ки алакай ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО пайвастаанд. Дар солҳои охир даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ё паноҳгоҳ рӯ ба Аврупо овардаанд, дар Эстония паноҳ ёфтанд, зеро ин кишвар бо Русия марзи мустақим дорад.

Манбаъ:  Ширкати миллии телевизион ва радиои Эстония

https://rus.err.ee/1608373757/dva-grazhdanina-tadzhikistana-pytalis-vymanit-krupnuju-summu-u-zhitelja-tartu

One of the biggest police operations in Estonian history took place on November 2, 2010 in Tallinn, in the process of bringing the Euro exchange money from Finland to the Estonian National Bank . Euros are brought to Estonia by five trucks that were filled with 44 million banknotes. Estonia will join the Eurozone on January 1, 2011 -ESTONIA OUT- AFP Photo: RAIGO PAJULA

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button