ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

БАР АСОСИ ҚОНУНИ АФВ, ҲУКМИ ЁРОВРО 4 СОЛ ВА АЗ ОДИНАЕВРО 3 СОЛ КАМ КАРДААНД, ВАЛЕ ОДИНАЕВ ОЗОДИАШРО ТАЛАБ КАРДААСТ

Бар асоси қонуни афве, ки моҳи сентябр ба муносибати сисолагии истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд, муҳлати ҳукми адвокати шинохта Бузургмеҳр Ёровро 4 сол, ҳукми муовини зиндонии раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро 3 сол ва аз писари ӯ Шайхмуслиҳиддин Ризоевро як сол кам кардаанд. Ёров дар умум ба 28 соли зиндон, Одинаев ба 14 сол ва писараш ба 6 соли зиндон маҳкум шудаанд. Вале Одинаев аз ин шумор зери санади афваш имзо нагузошта, талаб кардааст, ки ӯро озод кунанд, чунки ягон гуноҳ надорад.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, гуфт, бар асоси қонуни афв боз 4 соли дигар аз ҳукми бародарашро кам кардаанд. “Дар афви соли 2019 шашуним сол аз ҷазояш кам шуда буд. Ҳоло чаҳор сол кам карда шуд. Бо ҳисоби шаш соле, ки дар маҳбас ба сар мебарад, 11 солу 6 моҳи дигари ҳукм мондааст”, гуфт Хосият Ёрова ба хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзонабии Холиқзод.

Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 дар тайи ташкили як Кумита барои ҳимояти аъзои зиндонии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) боздошт ва бо ҷурми қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири президент, таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд  дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукми Ёровро сиёсӣ ва худи ӯро маҳбуси сиёсӣ мешуморанд ва озодиашро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд. Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал низ ҳаз ду сол пеш ҳукми Бузургмеҳр Ёровро беасос номида, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки адвокати зиндониро озод карда, ба ӯ барои солҳои пушти панҷара ба сар бурдааш ҷуброн бидиҳад. Вале Душанбе ин тавсияи Созмони Милалро напазируфт.

Бар асоси қонуни афв аз ҳукми Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки як сол пеш ба 14 соли зиндон маҳкум шуд,  3 сол кам кардаанд.

Вале Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, рӯзи 17 октябр ба Мирзонабии Холиқзод аз қавли падараш гуфт, ки ӯ зери санади афваш, ки комиссияи иҷрои қонуни афв барои шиносоӣ ва имзо кардан ба вай додааст, имзо нагузоштааст.

“Падарам гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад ва чаро барои коре, ки накардааст, шомили афв шавад? Яъне, беасос эътироф кунад, ки даст ба ҷиноят задааст? Падарам гуфт, ин гуноҳҳоро ҳеч гоҳ қабул надорад”, — нақл кард Ҳабибулло Ризоев.

Вале як корманди идораи зиндонҳои вазорати адлия гуфтааст, ки сарфи назар аз санади афвро имзо кардан ё накардани Одинаев қонуни афв нисбат ба ӯ татбиқ ва ҳукмаш се сол кам мешавад.

Наздикони Маҳмурод Одинаев мегӯянд, вазъи саломатиаш дар маҳбас хуб нест ва ӯ дар қисми тиббии зиндони нави шаҳри Ваҳдат муолиҷа мегирад. Ба қавли онҳо, вай аз дарди сутунмуҳра азият мекашад.

Гуфта мешуд, ки Маҳмурод Одинаевро дар ҷараёни тафтишот латтукӯб карда, сутунмуҳраашро маъюб кардаанд. Вале вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода шиканҷа шудани Одинаевро рад карда буд.

Маҳмурод Одинаев моҳи ноябри соли 2020 дар пайи эътироз дар назди комиссариати ҳарбӣ дар шаҳри Ҳисор ва даъвати мардум ба тазоҳурот дар Душанбе дастгир ва моҳи январи соли 2021 ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамроҳи ӯ писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоевро низ бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” ба 6 соли зиндон маҳкум карданд. Наздиконаш мегуфтанд, ки ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии оппозитсионии падараш шудааст.

Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари пешини Маҳмурод Одинаев, 17 октябр гуфт, ҳафтаи гузашта бо писараш телефонӣ суҳбат дошт ва ӯ гуфтааст, бар асоси қонуни афв як сол муҳлати ҷазояш кам карда шуд. Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар маҳбаси “Якум Советский” адои ҳукм мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button