АфғонистонВидеоТоҷикистон

ТОЛИБОН ЛАҲНИ ГУФТОРАШ НИСБАТ БА ТОҶИКИСТОНРО НАРМТАР КАРДААСТ (ВИДЕО)

Дар пайи ду моҳи таҳдидҳои паёпай ва намоиши зӯри бозу, тавре ба назар мерасад, ҳаракати тундрави Толибон лаҳни бархӯрдаш нисбат ба Тоҷикистонро нармтар мекунад ва ончиро, ки дар ин байн гузашт, акнун “як навъ сӯитафоҳум”, яъне  меномад ва мегӯяд, ҳеҷ қасду нияти таҳдид ба Тоҷикистонро надорад ва баракс мехоҳад бо Душанбе равобити ҳасана ба роҳ бимонад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги “Аморати исломӣ” ва сухангӯи асосии Толибон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизонии ATRnews аз корбурди ҳар навъ лаҳни шадид дар таърифи мавқеи ин ҳаракати тундрав ва “Аморати исломӣ” нисбат ба Тоҷикистон худдорӣ карда, гуфт, “Аморати исломӣ” ҷӯёи равобити ҳасана бо тамоми кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Тоҷикистон аст.”

“Дар масъалаи Тоҷикистон, ба хаёли ман, шояд як сӯитафоҳум вуҷуд дошта бошад. Мо кадом таҳдиде ба Тоҷикистон надорем. Тоҷикистон як кишвари муҳим ва ҳамсояи мост. Мо бо ҳамсояҳои худ равобити ҳасанаву комил мехоҳем. Умедворам, аз он тараф ҳам ҳамчунон бошад. Мо танишеро намехоҳем дар минтақа, на бо Тоҷикистон, на бо ҳеҷ кишвари дигар. Ва ташвиш ҳам дар ин маврид бояд пеши касе набошад”, таъкид кард Забеҳуллоҳ Муҳоҷид.

Аммо хабарнигор ёдовар шуд, ки масъала ба ҷое расида буд, ки ҳарду тараф якдигарро таҳдид ба ҳамла низомӣ карданд. Ӯ аз ҷумла хотиррасон кард, ки ҷониби Тоҷикистон нирӯҳои низомиашро дар марз бо Афғонистон мустақар кард ва аз ин тараф Толибон ҳам эълон карданд, ки нирӯҳои истишҳодӣ, яъне маргталабони худро дар марз бо Тоҷикистон ҷобаҷо мекунанд.

Вале Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар посух дигарбора такрор кард, ки дар ин байн шояд сӯитафоҳумҳое сурат гирифтаанд. Ӯ гуфт, нирӯҳои размие, ки “Аморати исломӣ” аз ҷумла дар Бадахшон дорад, барои ҳифзи сарҳадот ва маҳор кардани гуруҳҳое, ки таҳдид ба бор меоранд, низ истифода мешаванд, вале, таъкид кард ӯ, “агар ин таҳдид ба Тоҷикистон шумурда шавад, комилан иштибоҳ аст. Мо на чунин таҳдидеро мекунем ва на ниёз дида мешавад барои чунин таҳдид. Мо мехоҳем бо Тоҷикистон равобити хуб дошта бошем ва минҳайси ду ҳамсояи қобили эътимод зиндагӣ бикунем.”

Қарори маълум, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Толибонро ба дигарбора табдил додани Афғонистон ба лонаи терроризм айбдор карда, гуфт, агар дар ҳукумати онҳо ба ақалиятҳои қавмӣ, бахусус ба тоҷикҳои Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, Душанбе ҳукумати навро дар Кобул эътироф нахоҳад кард.

Тоҷикистон ҳамин тавр, дар чанд моҳи охир асосан дар наздикии марз бо Афғонистон 5 паради ҳарбӣ ва чанд машқи низомӣ барпо кард ва ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад.

Дар посух Толибон Тоҷикистонро ба дахолат дар умури “Аморати исломӣ” айбдор кард ва дар вилоятҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор, Кундуз ва Бадахшон ба ном “лашкари мансурӣ”ро ҷойгир кард ва гуфт, ҳифзи марзҳоро ба ҳамин “маргталабон” месупорад.

Тағйири лаҳни гуфтори Толибон нисбат ба Тоҷикистон метавонад ба сафари қарибулвуқӯи як ҳайъати он ба Маскав рабт дошта бошад. Русия, ки Тоҷикистонро шарики стратегии худ меномад, ахиран аз афзоиши таниши байни Тоҷикистон ва Толибон изҳори нигаронӣ карда, ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ даъват карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button