ВарзишВидео

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР ПОРИС ҶОИ ПАНҶУМРО БА ДАСТ ОВАРД (5 ВИДЕОИ 5 НАБАРДИ СОМОН)

Паҳлавони хушноми тоҷик Сомон Маҳмадбеков рӯзи 16 октябр дар мусобиқоти “Гранд Слам” дар Порис, пойтахти Фаронса дар вазни 73 кило дар гуштини дзюдо дар се набарди аввал бар Урунбаяр аз Муғулистон, Гарсиес аз Испания ва Ҳидоят Ҳайдаров аз Озарбойҷон пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале мутаассифона, Сомон дар мубориза барои роҳхат ба марҳалаи ниҳоӣ аз рақиби фаронсавиаш Тео Рикуин шикаст хӯрд ва набард барои нишони биринҷиро ба рақибаш аз Руминия Александру Райку ҳам бохт ва дар ниҳоят ҷои панҷумро ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков соли 2020 дар “Гранд Слам” дар Порис, ки “чемпионати хурди ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо” ҳам номаш мебаранд, ҷои ҳафтумро соҳиб шуда буд.

Муҳаммадрозиқи Неъмат, коршиноси гуштин ва муҷрии гуруҳи фейсбукии “Варзиши Тоҷик” навиштааст, ки мутаассифона мотиватори асосии Сомон Маҳмадбеков мураббияш Фотеҳ Маҳмадбеков ба сабаби дер ба даст овардани визаи Шенген натавонист шогирдашро дар ин мусобиқа ҳамроҳӣ кунад ва набудани ӯ дар канори Сомон сахт эҳсос мешуд.

Муҳаммадрозиқи Неъмат дар умум ҳунарнамоии Сомон Маҳмадбеков, танҳо варзишгари тоҷик дар мусобиқоти Порисро муваффақ номида, навиштааст, ки ҷои панҷум дар мусобиқае мисли Гранд Слами Порис беҳтарин аст. Ӯ се пирӯзии Сомон дар се набарди аввал дар Порис се набарди зеботарини Сомон ном бурда, бахусус аз ғалабааш бар Ҳидоят Ҳайдаров аз Озарбойҷон, ки ду карат ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамони дзюдои Урупост, ситоиш кардааст: “Сомон муқобили у хеле бовармандона мубориза бурд ва уро бо як фанни зебо аз пой даровард. Ёд дорам, чанд соли қабл дар Абузабии Иморот чемпионати ҷудои ҷавонони ҷаҳон буд. Тоҷикони зиёде дар ин мусобиқа ҳузур доштанд. Ҳидоят Ҳайдаров тоза ном бароварда буд.Ӯ унвони қаҳрамони ҷудои ҷавонони ҷаҳонро дошт. Вақте Ҳайдаров аз толор берун баромад, ҳамаи тоҷикҳо тарафаш давиданд ва бо ӯ шуруъ карданд ба акс гирифтан. Дар назари ҳамаи он тоҷикҳо Ҳайдаров як устура ва паҳлавони шикастнопазир буд. Рӯзе ин қиссаро ман барои додари азиз Фотех Маҳмадбеков нақл кардам. Сомон низ ҳамроҳамон буд. Фотеҳ баргашт тарафи ману гуфт, “ака мо бояд коре кунем, ки тоҷикон худашон Ҳидоят Ҳайдаров шаванд. Ва иншооллоҳ баъди ду сол ҳамин Сомон ҳам Ҳидоят Ҳайдаров ва ҳам Рустам Оруҷовро мағлуб хоҳад кард.” Имруз дидем ,ки Ҳайдаровро шикаст дод. Афсӯс ,ки имрӯз “мотиватор”-и асосии Сомон, Фотеҳ дар канораш ҳузур надошт. Будани Фотеҳ хеле муҳим буд, вале ӯ визаи Шенгенро дар вақташ гирифтан натовонист.”

Муҳаммадрозиқи Неъмат навиштааст, ки Сомон Маҳмадбеков набояд руҳафтода шавад. “Сомони азиз, ту дар қаду қомат, зӯри панҷаву бозу ва техника на аз Оно ва на аз Ҳашимото камӣ надорӣ. Фақат аз худат боварӣ дошта бош ва ҳеҷ гоҳ ғамгин нашав. Бо худат тамоми гуштинҳоятро тамошо кун. Бояд худат таҳлил ва хулосаи худро дошта бошӣ. Худованд имон ва сабру қуввати зиёде насибат гардонад. Пирӯзиҳои зиёде дар пешанд.Ба ақиб нигоҳ накун ва ҳасрат ҳам нахӯр!”  навиштааст ин коршиноси шинохта дар анҷоми матлабаш дар гуруҳи “Варзиши тоҷик” дар Фейсбук.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button