ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МУҲОҶИРОН, ҲУШЁР БОШЕД! ДАР РУСИЯ ДАР ЯК РӮЗ АЗ КОРОНАВИРУС 1000 КАС ҶОН БОХТААСТ

Ситоди муборизa бо коронавируси Русия хабар дод, ки тайи як шабонарӯзи охир дар ин кишвар беш аз 33 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи нави COVID-19 сабт шуда, рӯзи 16 октябр  ба иллати пандемия 1002 нафар ҷон бохтаанд.

Аз замони шурӯи пандемия ин бори аввал аст, ки шумораи қурбониёни коронавирус дар Русия дар як шабонарӯз аз марзи 1000 нафар гузашт.

Дар умум аз шурӯи пандемия коронавирус дар Русия сабаби марги беш аз 222 ҳазор нафар, аз ҷумла даҳҳо муҳоҷири тоҷик шудааст.

Бино ба омори расмӣ, ҷамъи гирифторшудагон ба коронавирус дар Русия ба 8 миллион нафар наздик мешавад, ки аз ин шумор наздики 7 миллионаш шифо ёфта, 222 ҳазор ҷон додаанд.

Русия аз лиҳози талафот аз коронавирус дар ҷаҳон дар ҷои панҷум қарор дорад.

Донистани ин омор бахусус барои як миллион муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, хеле муҳим аст. Бавижа дар ин шабу рӯзи оғози мавсими борзгашти муҳоҷирон аз Русия ба Ватан.

Табибон дар Тоҷикистон хафв доранд, ки мавсими бозгашти муҳоҷирон аз Русия, кишваре, ки бо мавҷи фавқулодда азими коронавирус рӯбарӯ шудааст, метавонад мунҷар ба авҷи дигарбораи ин беморӣ дар Тоҷикистон шавад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон, ки аз 13 сентябр ба ин тараф, дар тӯли беш аз як моҳ иддао доштанд, ки гӯё дар кишвар ягон ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст, рӯзи 15 октябр ду мавриди нави гирифторӣ ба пандемияро эътироф карданд. Ҳарчанд шоми 16 октябр вазорати тандурустӣ дигарбора иддао кард, ки дар як шабонарӯзи охир ягон ҳолати нав сабт нашудааст, вале ба ин иддао кам касе бовар мекунад. Ҳатто дар худи он вазорат.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button