ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ 32 “БУРЖУЙКА”, 250 ҚУТТӢ ШАМПУН ВА 3 ТОННА МОҲӢ (5 АКС)

Маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани мавридҳои нави қочоқи маҳсулот дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо вилояти Бодканд хабар дод. Аз қочоқбарон 32 бухории “буржуйка”, 250 қуттӣ шампун ва 3 тонна моҳии ях мусодира кардаанд.

Марзбонони қирғиз қаблан дар бораи пешгирӣ шудани кӯшишҳои қочоқи  ангуру рег, блокҳои газию бетонӣ, қанду лиму ва ҷуворимакка дар марз бо Тоҷикистон хабар дода буданд.

Бино ба гузориши марзбонони қирғиз, марзбонҳо аз отрдяди Ҳайдаркон  рӯзи 14 октябр дар мавзеи Қандии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд  як мошини “Hyundai-Porter” –ро манъ карданд. Ронандаи мошин мехост аз Ӯзбекистон ба таври қочоқӣ 32 печкаи “буржуйка” –ро ба Қирғизистон ворид кунад.

Рӯзи 15 октябр марзбонони отряди Лайлак мошини “Mercedes Benz Sprinter” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Ж.К.,  соли таваллудаш 1993-ро манъ карданд. Аз бордони ин мошин 250 қуттӣ шампун ёфт шуд, ки ронанда мехост ба таври қочоқӣ аз Тоҷикистон ворид кунад.

Ҳамчунин рӯзи  16 октябр дар ҳудуди деҳаи Жаштиқи ноҳияи Лайлак марзбонзо боз як мошини боркаш таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон М.К., соли таваллудаш 1990-ро манъ карданд. “Ронанда мехост ба таври ғайриқонунӣ 3 тонна моҳиро ба қаламрави Тоҷикистон гузаронад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ахиран марзбонони қирғиз дар бораи пешгирӣ шудани чанд ҳолати дигари қочоқ дар марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дода буданд.

Аз ҷумла марзбонҳои қирғиз рӯзи 11 октябр дар мавзеи Добои ноҳияи Бодканд як мошини Hyundai-Porter  таҳти идораи С.А.-ро  боздошт кардаанд. Ронандаи ин мошин аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба таври қочоқӣ 1 тоннаю 650 кило ангур мебурд.

Худи ҳамон рӯз дар мавзеи Борбордуқи ноҳияи Лайлак аз ҷониби марзбонон ҳамроҳи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз ду мошини дигари Hyundai-Porter боздошт шуд. Ронандагони онҳо: шаҳрвандони Қирғизистон Р.Т. ва Ш.М., соли таваллуди ҳардуяш 1988, мехостанд бо роҳҳои қочоқӣ ва бидуни ҳуҷҷат аз Тоҷикистон рег ва блокҳои газобетонӣ  биоранд.

Ҳафтаи гузашта Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани қочоқи қанду лимӯ ва ҷуворимакка ба маблағи тақрибан 10 ҳазор доллар дар марзи ноҳияи Лайлак хабар дода буд.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи муноқишаи хунини охири моҳи апрел марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад.

Дар муноқишаи охири моҳи апрел дар марзи ин ду кишвар аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button