ВидеоФарҳанг

ОВОЗХОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ИЛҲОМ ТОҲИРОВ ҲАМАРО ДАР МАСКАВ БА ВАҶД ОВАРД (ВИДЕО)

Овозхони 27-сола аз Душанбе Илҳом Тохиров шоми 15 октябр бо ҳунари худ ҳамаи 4 довари мавсими инак 10-уми озмуни “Голос” дар шабакаи якуми ТВ Русияро ба ваҷд овард ва ҳамаи ин 4 довар:   Александр Градский, Леонид Агутин, Пелагея ва Дима Билан курсиҳояшонро ба тарафи Илҳом гардонда, ба ӯ барои иштирок дар даври баъдӣ роҳхат доданд.

Илҳом Тоҳиров дар даври аввали озмун, ки довталабон бояд нерӯи садои худро бо хондани тарона бидуни мусиқӣ ба намоиш бигузоранд, таронаи қадимаи “Dream a Little Dream of Me” –ро иҷро кард. Ин таронаро бори аввал Оззи Нелсон ҳанӯз соли 1931 сабт карда, баъдан овозхонҳои шуҳратёре, чун Элла Фитсҷералд, Луи Армстронг, Дорис Дэй ва Робби Уилямс низ иҷро кардаанд.

Пелагея, хонандаи шинохтаи таронаҳои мардумии Русия ва узви ҳайъати доварони озмуни “Голос” гуфт, овози Илҳом мафтунаш кард. “Шумо бо садоятон моро маҳс кардед!” – гуфт ӯ.

Узви дигари ҳайъати ҳакамон Александр Градский иҷрои овозхони тоҷикро “иҷрои ба таври боварнокарданӣ(фантастикӣ) дақиқ” номида ва гуфт, сари ҳар яке аз доварон ба осмон мерасид, агар Илҳом ӯро ба ҳайси устод интихоб кунад. “Олӣ! Дар воқеъ олӣ!” – бо чунин суханон тавсиф кард мэтри эстрадаи шӯравӣ ва Русия аз овозхони ҷавони тоҷик.

Ҳамаи 4 узви ҳайъати ҳакамон ба сурати фаъолона Илҳомро ташвиқ мекарданд, ки ба ҳайси устоди худ онҳоро интихоб кунад. Илҳом бо изҳори сипос гуфт, кор кардан бо ҳар яке аз онҳоро барои худ шараф мешуморад, вале “намедонам, барои чӣ, вале имрӯз дилам мехоҳад, ки бо Билан кор кунам.”

Билан аз ҷояш хест, то дасти овозхони тоҷикро, ки шогидаш шуд, бифишурад. Пелагея иқрор кард, ки ба Дима Билан барои ёфтани чунин шогирд ҳасад мебарад. Градский ба дасти Билан афтодани чунин овозхони бақувватро “беадолатӣ” номид.

Муҷирии озмун ҳунарпешаи шинохтаи рус Дмитрий Нагиев низ дар анҷом Илҳом Тоҳировро ба оғӯш кашида, гуфт: “Медонӣ, имрӯз ту дар саҳна исбот карданӣ, ки ин касби овозхонӣ метавонад ин қадар касби мардона бошад. Нафақат як марди оддӣ (мужик), балки марди майдон!”

Илҳом, тавре худаш нақл кард, тарҷумон аз забони хитоӣ буда, овозхониро аз хондани таронаҳои мардумӣ сар кардааст ва ба Маскав ба хотири иштирок дар озмуни “Голос” омадааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button