ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

ОҒОЗИ ДУБОРАИ РАВУОИ АВТОБУСҲО БО ӮЗБЕКИСТОН: АЗ ХУҶАНД ТО ТОШКАНД, АЗ ПАНҶАКЕНТ ТО САМАРҚАНДУ БУХОРО

Ширкати нақлиётии “Asian Express” аз 18 октябр ҳаракати автобусҳояш дар хатсайри Хуҷанд –Тошканд – Хуҷандро дубора ба роҳ мемонад. Роҳкиро ба яктараф 100 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин аз 20 октябр равуои автобусҳо аз Панҷакент то Самарқанду Бухоро сар мешавад. Ҳаракати ҳаррӯзаи автобусҳоро то фурудгоҳҳои ин ду шаҳри Ӯзбекистон ширкати “Сайёҳати Ҳафткӯл” ташкил кардааст ва нархи сафар барои онҳое, ки аз тариқи Самарқанду Бухоро ба Русия сфар карданианд, 200 сомонӣ муқаррар шудааст.

АЗ ХУҶАНД БА ТОШКАНД

“Asian Express” эълон кард, ки аз рӯзи душанбе, 18 октябр интиқоли мусофирон дар хатсайри Хуҷанд – Тошканд – Хуҷандро аз сар мегирад. Автобусҳои дуқабатаи ширкат аз Хуҷанд то пойтахти Ӯзбекистон ҳар рӯз равуо хоҳанд кард. Барлои гузаштан аз марз мусофирон бояд бо худ натиҷаи манфии ташхиси коронавирус дошта бошанд. Дар сурати надоштани чунин санад, онҳо бояд дар марз экспресс-тест бисупоранд. Нархи он 160 ҳазор сӯми ӯзбекӣ будааст.

Ҳамчунин барои кӯдакони то шашсола санад дар бораи солим будан ва гирифтори полиомелит набудани кӯдак ҳатмист.

Анвар Ғиёсов, намояндаи “Asian Express” дар Хуҷанд ба “Азия Плюс” гуфтааст, дар оянда дар сурати зиёд шудани хоҳишмандон, ширкат метавонад ҳар рӯз аз 2 то 3 бор байни Хуҷанд ва Тошканд мусофир бикашонад.

Дар марҳалаи аввал автобусҳо субҳ, соати 8:00 аз терминали “Asian Express” дар маҳаллаи 16-уми шаҳри Хуҷанд (дар назди таксопарк) ба роҳ баромада, мусофиронро то истгоҳи “Собир Раҳимов” хоҳанд бурд.  Автобусҳо аз Тошканд соати 18:00 (дар зимистон соати 16:00) бар хоҳанд гашт.

Нархи сафар ба як тараф 100 сомонӣ муқаррар шудааст.

Телефон барои маълумот: (93) 999-16-16, (92) 640-16-16

АЗ ПАНҶАКЕНТ ТО САМАРҚАНДУ БУХОРО

Шодмонқул Сангинов дар Фейсбук хабар дод, ки ширкати сайёҳии “Сайёҳати Ҳафткӯл” аз 20- уми октябр ҳамроҳ бо ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ҳамаруза тавассути автобусхои Yutong Bus, бо 49 ҷои нишаст, кондитсионер, микрофон, LSD/DVD/CD, яхдон, кулер ва ҳоҷатхона, сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро ба шаҳрҳои Самарқанд – Бухоро (фурудгоҳ) ба роҳ мемонад.

Роҳкиро барои шаҳрвандоне, ки аз тариқи Самарқанд ва Бухоро ба Русия парвоз мекунанд ва чиптаи ҳавопайморо доранд, 200 сомонб ва барои бақия нархи рафту баргашт 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Аз мусофирон хоста шудааст, ки нусхаи шиносномаи хориҷиашонро аз пеш ба ширкати “Сайёҳати Ҳафткӯл” бифиристанд.

Фурӯши чиптаҳо аз 16 октябр шурӯъ мешавад.

Телефонҳо барои маълумот: 93-507-69-00 ва 90-432-69-00 ( IMO, Viber, WhatsApp, Telegram, Мessenger).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button