ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МАТЛУБА ҚАНОАТ, ҲАМСАРИ УСТОД МӮЪМИН ҚАНОАТ

Матлуба Қаноат, ҳамсари шоири шуҳратёри тоҷик Мӯъмин Қаноат субҳи 16 октябри соли 2021 дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе бар асари бемории дил аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ бо ҳамсари Устод Қаноат ҳамин рӯзи 16 октябр дар назди хонаашон дар маҳаллаи  Қарияи боло баргузор мегардад.

Матлуба Қаноат беш аз 60 сол ҳамсару ҳамроз ва ҳамсафари зиндагии Устод Мӯъмин Қаноат буд. Писарашон Далер ва духтаронашон Парвину Ширин меваҳои боғи  зиндагии муштараки ин ҷуфти зебоянд.

Матлуба Қаноат дар ҳоле тарки дунё кард, ки дар Тоҷикистон ба ҷашни 90-солагии Устод Мӯъмин Қаноат омодагӣ мегирифтанд. Агар умр вафояш мекард, Устод 20 майи соли 2022 ба синни 90 мерасид.

Мӯъмин Қаноат, аз маъруфтарин шоирони тоҷики асри 20, ки солҳои тӯлонӣ раҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ҳам ба уҳда дошт, 18 майи соли 2018, ду рӯз қабл аз зодрӯзаш дар синни 86 вафот кард ва дар оромгоҳи Лучоб дар канори дигар бузургони фарҳанги тоҷик ба хок супурда шуд.  Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Тоҷикистон — исми ман», «Гаҳвораи Сино», «Масъуднома», “Мавҷҳои Днепр”, “Достони Исмат”  ва силсилаи «Созҳои Шероз» аз маъруфтарин осори Устод Қаноат ба шумор мераванд.

Қодиршоҳи Мурувват навиштааст, ки Устод Қаноат дар тӯли умри шоирии хеш мисли устод Турсунзода ба ҳамсарашон достон ё манзумае эҷод накарданд ва аммо дар ҷо ҷо ашъорашон, дар мавриди хубиҳову меҳрубониҳои бонуи хонаашон ишораҳо карда буданд.”

Худи Устод Қаноат дар як суҳбат чӣ гуна ошиқ шуданаш ба Матлубаро, ки аз аҳли Самарқанд буд, нақл кардааст.

Мӯъмин Қаноат соли 1951 аз зодгоҳаш, деҳаи Курговад ба Душанбе омада, ба риштаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва дар рӯзи аввали ба пойтахт омаданаш Матлубаро дида, аз нигоҳи аввал ба ӯ ошиқ шудааст.

“То ҳол дар ёдам ҳаст: Ӯ дар гӯшҳояш гӯшвораҳои дароз дошт ва дар тан либоси хеле шик дошт. Ба як гуфтан, духтари хеле зебо буд ва маро мафтун кард. Мактабро  ҳам бо медали тилло тамом карда буд. Ман, ки як бачаи қишлоқӣ будам, шарм медоштам, ки ба ӯ изҳори ишқ кунам. Танҳо дар курси чорум ва он ҳам тавассути як ҳамкурсамон, ки хеши Матлуба буд,  барояш номаҳои ошиқона ва шеърҳоямро мефиристодам. Ва ин номаҳо яхи дили ӯро шикаст. Мулоқоти аввалини мо дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ доир шуд. Оҳиста оҳиста ӯ ба ман одат кард ва дар китобхона мо ҳатто пушти як миз менишастем”,  – нақл карда буд Мӯъмин Қаноат дар мусоҳиба бо “Азия Плюс”.

Падари Матлуба Фаттоҳ Раҳматуллоев дар вақташ сардори милисаи шаҳри Самарқанд ва яке аз асосгузорони ҳизби мусалмонони болшевик будааст, ки соли 1931 ӯро барои кор ба Тоҷикистон фиристодаанд.

“Ман Матлубаро ҳар шом то хонаашон гусел мекардам. Вале як вақт ӯро аз мулоқот бо ман манъ карданд. Азбаски мӯйсари ғӯливу ҷингила доштам, волидони ӯ маро “ҷангалсар” мегуфтанд. Онҳо ҳамин тавр ҳам гуфтаанд: “То вақте ки ин ҷангалсар хостгоронашро намефиристад, туро гусел накунад!” – нақл мекард Мӯъмин Қаноат.

Ба хостгории Матлуба барои Мӯъмин Қаноат овозхони шуҳратёр Акашариф Ҷӯраев, устоди донишгоҳ Бухоризода ва раиси “Тоҷикматлубот” Муҳаббатов ба хонаи падару модари Матлуба рафта будаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button