ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР РОҲАТӢ ҲАТТО ВИДЕОКАМЕРАИ НАЗОРАТИРО ДУЗДИДААНД

23-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ даромада аз он ҷо 1-адад камераи мушоҳидавии тамғаи “SONY”, 1-адад суратгирак, 3-адад таҷҳизот барои омода намудани сурат ва дигар ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 720 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Ба дастгиршудаҳо бар асоси моддаи 244 аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button