ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

САГ СОҲИБ ДОРАДУ МО НЕ… ЭЪТИРОЗИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ВОРОНЕЖ (ВИДЕО)

Як рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори эътирози як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик дар ноҳияи Острогожски вилояти Воронежи Русия чарх мезанад.

Ин муҳоҷирон, ки дар назди шуъбаи пулиси ноҳияи Острогожск ҷамъ шудаанд,  дар ин видео мегӯянд, як корфармои беинсоф онҳоро барои чидани себ ва анҷоми корҳои дигар ба кор ба деҳаи Шубное даъват карда, шиносномаҳои ҳамаашро кашида гирифтааст ва онҳоро амалан дар ҳолати ғуломӣ қарор дода, пулашонро намедиҳад.

Дар видео муҳоҷирони тоҷик як як дар пеши камера мегӯянд, ки барои 4 моҳи корашон дар инҷо ҳамагӣ 5 ило 10 ҳазор рубл гирифта, бархеашро корфармо ба болои бепул кор фармуданаш боз қарздор ҳам кардааст.

“Ақалан ҳуҷҷатҳоямонро намедиҳанд, ки пеш аз расидани зимистон як ҷоямонро пайдо кунем”, алам мекунад як муҳоҷири солхӯрдаи тоҷик.

Хабарнигори радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ хабар дод, ки ин муҳоҷирони фиребхӯрда 110 нафар буда, онҳоро барои себчинӣ аз Тоҷикистон ба Воронеж бурдаанд.

Дар байни муҳоҷирони фиребхӯрда занон ҳам зиёд будаанд. Яке аз онҳо  бо номи Ҷамила мегӯяд, “сару либоси дуруст надорем. Либосҳои кӯҳнаи русҳоро мепӯшем. Моро дастгирӣ кунед. Аз пеши фиребгарҳо баред...”

Яке муҳоҷири дигар аз ин гуруҳ гуфтааст, “чор моҳ шуд, ки асирем. Ҳоле, ки мо дорем, саг надорад. Саги кӯча соҳиб дораду мо не.”

Пулиси Острогожск гуфтааст, ки муроҷиати муҳоҷирони тоҷикро таҳқиқ мекунад. Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15 октябр хабар дод, ки намояндагонашро барои расидагӣ ба ин мушкили муҳоҷирони тоҷик ба Воронеж фиристодааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зинадгии хонаводаҳои худ ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Садҳо нафари онҳо ҳар сол дар Русия қурбони фиреби корфармоёни беинсофе мешаванд, ки муҳоҷирони тоҷикро моҳҳо кор фармуда, пулашонро намедиҳанд. Ҳолатҳое ҳам буд, ки корфармоён бо мақомоти фасодзада якҷо амал мекарданд ва пеш аз ҳисобу китоб пулис муҳоҷирони тоҷикро аз Русия депортатсия мекард, ки пули худро аз корфармо гирифта натавонанд ва ҳатто имкони даъво наёбанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button