ВидеоҲуқуқи инсон

САФОРАТ КОРМАНДОНАШРО БА ПЕШИ МУҲОҶИРОНИ НОРОЗӢ БА ВОРОНЕЖ ФИРИСТОД (ВИДЕО)

Cафорати Тоҷикистон дар Русия  рӯзи 15 октябр хабар дод, ки субҳи 15 октябр намояндагонашро барои расидагӣ ба аҳволи 110 муҳоҷири фиребхӯрдаи тоҷик ба Воронеж фиристодааст.

Ин муҳоҷирон рӯзи 13 октябр дар назди шуъбаи пулиси ноҳияи Острогожск ҷамъ шуда, шикоят карданд, ки  як корфармои беинсоф онҳоро ҳанӯз дар поёни моҳи июл барои чидани себ аз Тоҷикистон ба деҳаи Шубное оварда, шиносномаҳои ҳамаашонро кашида гирифтааст ва онҳоро амалан дар ҳолати ғуломӣ қарор дода, пулашонро намедиҳад.

Видеои шикоятҳои пуралами онҳо дар Интернет сару садои зиёд ба бор овард ва корбарон аз мақомоти масъули Тоҷикистон, аз ҷумла аз сафорат ва намояндагӣ талаб карданд, ки ба аҳволи ин мардум расидагӣ кунанд.

Дар видео муҳоҷирони тоҷик як як дар пеши камера мегӯянд, ки барои 4 моҳи корашон дар инҷо ҳамагӣ 5 ило 10 ҳазор рубл гирифта, бархеашро корфармо ба болои бепул кор фармуданаш боз қарздор ҳам кардааст.

“Ақалан ҳуҷҷатҳоямонро намедиҳанд, ки пеш аз расидани зимистон як ҷоямонро пайдо кунем”, алам мекунад як муҳоҷири солхӯрдаи тоҷик.

Дар байни муҳоҷирони фиребхӯрда занон ҳам зиёд будаанд. Яке аз онҳо  бо номи Ҷамила мегӯяд, “сару либоси дуруст надорем. Либосҳои кӯҳнаи русҳоро мепӯшем. Моро дастгирӣ кунед. Аз пеши фиребгарҳо баред…”

Яке муҳоҷири дигар аз ин гуруҳ гуфтааст, “чор моҳ шуд, ки асирем. Ҳоле, ки мо дорем, саг надорад. Саги кӯча соҳиб дораду мо не.”

Пулиси Острогожск ҳам гуфтааст, ки муроҷиати муҳоҷирони тоҷикро таҳқиқ мекунад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Садҳо нафари онҳо ҳар сол дар Русия қурбони фиреби корфармоёни беинсофе мешаванд, ки муҳоҷирони тоҷикро моҳҳо кор фармуда, пулашонро намедиҳанд. Ҳолатҳое ҳам буд, ки корфармоён бо мақомоти фасодзада якҷо амал мекарданд ва пеш аз ҳисобу китоб пулис муҳоҷирони тоҷикро аз Русия депортатсия мекард, ки пули худро аз корфармо гирифта натавонанд ва ҳатто имкони даъво наёбанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button