ВидеоИқтисодТоҷикистон

НАРХИ РОҲКИРО ДАР ДУШАНБЕ ДАСТИКАМ 50 ФОИЗ БОЛО БУРДА ШУД

Бо қарори муассисаи давлатии  “Душанбенақлиётхадамотрасон” аз 10 ноябр ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо  1 сомонию 80 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонию 50 дирам, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1 сомонию 50 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонӣ, микроавтобусҳо 2 сомонию 50 дирам ва барои интиқоли як мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3 сомонӣ муқаррар карда мешавад. Ба ин тартиб, нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахти Тоҷикистон камаш 50 фоиз боло бурда мешавад.

Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод, ки ин тасмим аз ҷониби “Душанбенақлиётхадамотрасон ”ҳамчун сохтори ваколатдори соҳа дар асоси хулосаи шуъбаи  душанбегии Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз 6 октябр ва муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ширкату ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ гирифта шудааст.

Дар иттилоияи Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» мақсад аз  баланд намудани тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе “пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва дар ин замина муътадил гардонидани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ” ном бурда шудааст.

Ин корхона гуфтааст, ки  бори охир роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии  Душанбе соли 2011 тағйир ёфта,  дар автобусҳо барои як мусофир 1 сомонию 20 дирам, троллейбусҳо 70 дирам ва микроавтобус 1 сомонию 60 дирам муқаррар гардида, давоми 10 сол дигар бетағйир монда, танҳо  роҳкирои троллейбус як маротиба аз 70 дирам то ба 1 сомонӣ боло бурда шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, дар ин 10 сол нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт беш аз 2  маротиба, нархи  қувваи барқ 300 фоиз боло рафта,  нархи воситаҳои нақлиёт,  инчунин андоз ва маоши кормандони соҳаи нақлиёт ба маротиб боло рафтааст. “Корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи корхона. “Душанбенақлиётхадамотрасон” афзудааст, ки маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр барои муътадил нигоҳ доштани вазъи молиявиашон “басанда набуда, зарурати тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button