ВидеоМуҳоҷирон

ИМСОЛ 77 МАРДУ 25 ЗАНИ ТОҶИК ДАР САРАТОВ ИЗДИВОҶ КАРДААНД

Дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар вилояти Саратови Руксия 464 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ сабт шуда, 311 арӯси саратовӣ шавҳари хориҷӣ карда, 153 домоди маҳаллӣ барои худ аз хориҷа арӯс фаровардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи маҳаллаии FreeNews-Volga, Юлия Пономарёва, раиси идораи ЗАГСи вилояти Саратов рӯзи 14 октябр дар нишасти хабариаш  гуфт, арӯсҳо дар ин вилоят дар 81 маврид ба мардон аз Озарбойҷон шавҳар кардаанд. Дар ҷои дуюм мардони тоҷик меоянд, ки 77 нафараш имсол аз вилояти Саратов барои худ арӯс  ёфтаанд. 37 ақди никоҳ дар Саратов бо мардони арманӣ, 30 никоҳ бо шаҳрвандони Қазоқикистон ва 17 тӯй бо мардони украинӣ доир шудааст. Ҳамин тавр, арӯсони саратовӣ имсол аз Испания, Бразилия, Яман, Исроил, Мексика, Амрико, Сурия ва Юнон якдомодӣ пайдо кардаанд.

Ва аммо дар байни арӯсони хориҷӣ аз ҳама хушхаридор арӯсон аз Арманистон будаанд, ки аз аввали сол 29 нафараш ба мардони сокини Саратов издивоҷ кардаанд. Дар ҷои дуюм бонувони зодаи Озарбойҷон меоянд, ки 26 нафараш дар Саратов шавҳар кардаанд ва дар ҷои сеюм — бонувони тоҷик, ки дар ин вилояти Саратов имсол 25 нафараш тӯйи арӯсӣ барпо кардааст. Ҳамин тавр, мардони саратовӣ 20 маротиба бо арӯсони зодаи Қазоқистон, 17 маротиба бо бонувони украинӣ,  5 дафъа бо зодагони Беларус, 3 маротиба бо туркманҳо ва ду маротиба бо бонувони гурҷӣ издивоҷ карда, ҳамчунин аз Корея, Эрон, Олмон ва Молдова якарӯсӣ пайдо кардаанд.

Юлия Пономарёва, раиси идораи ЗАГСи вилояти Саратов

Ёдовар мешавем, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, домодҳои тоҷик дар вилояти Саратов дар байни домодҳои хориҷӣ дар ҷои аввал буданд. Юлия Пономарёва, раиси идораи ЗАГСи вилояти Саратов  дар баҳор ба хабарнигорон гуфта буд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 29 зану духтар дар ин вилоят ба зодагони Тоҷикистон ба шавҳар баромадаанд ва тоҷикҳо аз ин лиҳоз дар вилояти Саратов хушхаридортарин домодҳо дар байни домодҳои хориҷӣ ба шумор мераванд.

18 сокини Саратов дар аввали сол бо зодагони Озарбойҷон, 13нафарӣ бо зодагони Арманистону Қазоқистон ва  11 хонуми саратовӣ бо шаҳрвандони Украина ақди никоҳ баста буданд.

Дар аввали сол шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскаву Ижевск низ домодҳои аз ҳама серхаридор дониста шуда буданд. Дар семоҳаи аввал 355 шаҳрванди Тоҷикистон бо занону духтарон аз Маскав ақди никоҳ баста буданд, ки ин тақрибан чоряки ҳудуди 1500 никоҳи бо домодҳои хориҷӣ басташуда дар Маскавро ташкил медод. Аз 29 ақди никоҳ бо хориҷиён дар пойтахти Удмурдистон низ 10 издивоҷ бо шаҳрвандони Тоҷикистон сабт шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба натиҷаҳои як назархоҳӣ, ки дар байни беш аз 30 ҳазор нафари синнашон аз 18 то 45 дар шаҳрҳои бузурги Русия анҷом шудааст, 90 дарсади мардон ва 53 дарсади занони рус ба муносибатҳои маҳрамона ё ақди никоҳ бо мардуми ғайриславян майл надоштаанд.  Он занҳое, ки чунин муносибат ва издивоҷро ҷоиз мешуморанд, низ асосан ба ғайриславяниҳои ба истилоҳ “худӣ”, аз ҷумла ба чеченҳову доғистониҳо, тоторҳо ва ингушҳо бартарӣ додаанд. Дар ин феҳрасти бартариҳои бонувони рус дар мақомҳои баъдӣ арманиҳо, озариҳо, туркҳо, арабҳо, сипас – маҷмӯан ёқутҳо, бурятҳо, тувагиҳо, қалмиқҳо ва дигар халқҳои муғулинажод меоянд.

Бонувони рус сипс хитоиҳо, қазоқҳо, кореягиҳо ва сиёҳпӯстонро ном бурдаанд. Зодагони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ин рейтинги домодҳои хориҷии аз ҳама маҳбуб барои бонувони рус дар зинаҳои аз ҳама поён қарор гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button