АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЯТИМОВ БА ПУТИН: ВАЗЪИЯТ МУРАККАБ АСТ, ҲАР РӮЗ 500-600 НАФАР МЕХОҲАНД АЗ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ГУЗАРАНД (ВИДЕО)

Саймумин Ятимов,  раиси КДАМ (Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон) рӯзи 13 октябр дар Маскав дар мулоқоти онлайнии сарони хадамоти махсуси кишварҳои СНГ бо раисиҷумҳури Русия  Владимир Путин  гуфт, бояд эътироф кунем, ки вазъият дар1425 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба андозаи кофӣ мураккаб шудааст.

Ятимов гуфт,  “мо бахусус дар ду моҳи охир фишори мардумеро, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштан мехоҳанд, эҳсос мекунем. Шумораи гурезаҳо алакай аз 15 ҳазор гузаштааст ва ҳар рӯз 500-600 нафар талош мекунанд, ки аз марз гузаранд. Мо ҳамчунин аз лиҳози афзоиши кӯшишҳои қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳимот низ эҳсоси фишор мекунем.Й”

Ба гуфтаи раҳбари КДАМ, Тоҷикистон дар мавқеияте қарор дорад, ки бояд шабурӯз, 24 соат дар шабонарӯз дар ҳолати омодабош биистад.

 “Мо чунин мешуморем, ки вазъияти дар Афғонистон пешомада нафақат ба амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таҳдиди воқеӣ доард, балки ба амнияти тамоми паҳнои пасошӯравӣ, бахусус минтақаҳои мусалмоннишинаҳ таҳдид мекунад. Эҳсос мешавад, ки барои ба таври мушаххас ба ҳам хадани вазъият дар минтақаи мо талош доранд ва мехоҳанд аз дини Ислом барои ба ҳам задани вазъият истифода баранд”, – изҳор дошт Ятимов.

Ӯ афзуд, ки дар мулоқоти сарони хадамоти махсуси СНГ ин масъалаҳо баррасӣ шуда, нақшаҳои мушаххасе барои гирифтани пеши роҳи ин таҳдидҳо низ андешида шуданд. “Вале вазъияти пешомада иттиҳоди боз ҳам бештари нирӯҳои мо ва таъмини боз ҳам бештари ҳимояти марзро тақозо мекунад”, –  гуфт Саймумин Ятимов.

Рӯзи 13 октябр дар Маскав сарони хадамоти махсуси Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Туркманистон ҷаласа доштанд. Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи онҳо дар пайи ғасби қудрат дар Афғонистон аз ҷониби ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон буд. Дар рафти вохӯрӣ президенти Русия Путин низ ба таври онлайн ба ин мулоқот пайваст ва 20 дақиқа бо иштирокчиёнаш суҳбат кард.

Тоҷикистон нисбат ба режими нави Толибон дар Афғонистон мавқеи шадидан мухолифро пеш гирифта, ин гуруҳи тундравро ба дубора ба лонаи терроризм табдил додани Афғонистон айбдор мекунад. Кишварҳои дигари СНГ нисбат ба ҳокимони нави Афғонистон мавқеи нисбатан эҳтиёткоронаро интихоб карда, талош доранд бо Толибон роҳҳо тамос пайдо кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button