ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ДУ МАРДУ ЯК ЗАН БАРОИ ЛАТУКӮБ ВА ҒОРАТИ ЯК ТАКСИРОНИ ТОҶИК ДАР ЛЕНИНГРАД

Пулиси вилояти Ленингради Русия ҳар се нафари гумонбар дар ҳамла ба таксирони тоҷик дар ноҳияи Всеволожскийро дастгир кардааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ленинград ба нашрияи маҳаллии 78.ru  хабар дод, ки зи 12 октябр дар гулгашти Воронтсов дар шаҳраки Бугри як шаҳрванди 27-солаи Озарбойҷонро, ки дар ширкати “Самокат” ба ҳайси қосид (курер) кор мекард, ҳамроҳи як зани 26-солаи муваққатан бекор дастгир кардаанд. Баъди чанде шарики сеюми онҳо — сокини 33-солаи шаҳраки Муриноро ҳам дастгир карда, ҳарсеро дар ИВС маҳкам кардаанд. Маълум шудааст, ки зодаи Озарбойҷон қаблан барои дуздӣ, ғоратгарӣ ва маводи мухаддир зиндонӣ шудааст.

Нисбат ба онҳо бо иттиҳоми ҳамла ба таксирони тоҷик парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Қаблан як таксирони 23-солаи зодаи Тоҷикистон ба пулис шикоят кард, ки рӯзи 10 октябр аз ҷониби муштариёнаш мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, се нафар: ду мард ва як зан аз Бугри тавассути замимаи интернетӣ такси фармоиш додаанд ва ӯ ба хидмати онҳо расида, муштариёнро то шаҳраки Мурино овард. Вале дар инҷо онҳо бо баҳонаи онки гӯё хидматрасонии такси маъқулашон нашуд, аз додани роҳкиро саркашӣ кардаанд.

Вақте таксирон бо талаби додани пулаш ҷавонзанро, ки дар курсии пеш менишаст, иҷозати фаромадан намедиҳад, он ду мард ба ронанда ҳамла карда, ӯро аввал бо шишаи пиво ба сараш мезананд ва сипас бо панҷараи канализатсяи латтукӯб мекунанд. Ҳангоме ки ронанда таҳти латтукӯб қарор дошт, ҷавонзан аз дохили мошин телефони мобил ва ҳамёни ронандаро дуздидааст. Баъди ин ғоратгарон тавассути ҳавлиҳои Мурино фирор кардаанд. Маблағи умумии зарари ба таксирони тоҷик 42 ҳазор рубл (зери 600 доллар)-ро ташкил додааст.

Таксиронӣ як шуғли умдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад. Вале ин шуғл орӣ аз хатар нест. Як хатари умда барои ронандагони такси эҳтимоли мавриди ҳамла қарор гирифтани онҳо аз ҷониби муштариёнест, ки гоҳо амдан танҳо бо ҳадафи ғорати ронанда такси киро мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button