ВидеоҶомеа

ШАРМАНДАГӢ! АЛИХОН БА РӮ НИҚОБ КАШИДА, ХОНАИ БАРОДАРИ ХУДАШРО ҒОРАТ КАРДААСТ (ВИДЕО)

Нурқулов Алихон, як сокини ноҳияи Восеъ ба он айбдор мешавад, ки шабона ҳамроҳи як шарикаш ба рӯйҳояшон ниқоб кашида, бо нияти ғорати пулу мол ба … хонаи  бародари Алихон ҳамла кардаанд. Онҳо ҳамсари бародари Алихонро латтукӯб карда, бо зӯрӣ 50 ҳазор сомонӣ пасандозҳои ин хонаводаро кашида гирифтаанд.

Вале ба кормандони милитсия муяссар шудааст, ки ин ҷиноятро дар гармогармиаш ошкор карда, аз рӯи ҷинояткорони ниқобпӯш ниқобҳояшонро бардоранд.

Дар гузорише, ки дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, муаллиф Бунафша Боронова мегӯяд, ин ҳодиса соати дуи шаби 20 сентябр рух дода, шаҳрванд Нурқулов Алихон Давлатович, с.т. 1979, зода ва сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ тибқи маслиҳати пешакӣ  бо ҳамдеҳааш Тоҳиров Муҳаммадшо Хайруллоевич,  с.т. 1982, бо мақсади роҳзанӣ ва тасарруфи пулу мол бо истифода аз зӯроварӣ ғайриқонунӣ вориди манзили шаҳрванд Нурқулов Хурсанд Давлатович дар деҳаи Меҳробод гардида, ҳамсари ӯ Исматова Рӯзигул Мирзоевнаро шадидан латтукӯб карда, 50 ҳазор сомонӣ пулро ба яғмо бурдаанд.

Ҳардуро худи ҳамон рӯзи 20 сентябр дастгир карданд. Нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 249, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба Алихон Нурқулов ва Муҳаммадшо Тоҳиров бар асоси ин банди қонун аз 10 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вале бадтар аз ҳатто ҳукми зиндон шармандагиест, ки ба гардани ин ду сокини Меҳробод умрбод бор шуд. Яке бояд як умр бори шармандагӣ барои ғорати хонаи ҳамдеҳаашоро бояд бикашад ва дигарӣ бори шармандагии боз ҳам бузургтар – ҳамла ба хотири пул ба хонаи бародарии хунии худашро…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button