ВидеоЧеҳраҳо

ТАБИБИ ШИНОХТА ОЛИМҶОН НИЗОМОВ ДАР ҶОИ КОРАШ ВАФОТ КАРД

Олимҷон Низомов, мудири шуъбаи физиотерапияи беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент субҳи 13 октябр дар синни 64 дар ҷои кораш вафот кардааст. Дар ин бора чанд нафар аз шогирдону дӯстони марҳум ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд.

“Олимҷон Низомов ин субҳ ба кор омада, пас аз бадал кардани либосҳояшн дар ҷои кор дилаш ногаҳон аз кор монд”, – гуфтанд ҳамсӯҳбатони Бомдод.

Олимҷон Низомов яке аз табибони шинохташуда дар водии Зарафшон  ва бунёдгузори тибби табиатдармонӣ дар Панҷакент ба шумор мерафт. Ӯ дар шуъбаи худ чандин усули табобатро аз қабили маҳс, лоймонӣ, сӯзангузорӣ, барқмонӣ ва дигар шеваҳои муолиҷаро ба роҳ монда, мардумро табобат мекард.

Ба гуфтаи ҳамкорону шогирдонаш, маҳз бо талошҳои Олимҷон Низомов шуъбаи табиатшифоҳӣ бо таҷҳизоти лозим муҷаҳҳаз гардида,  таваҷҷуҳи мардум ба чунин усули табобат афзуд.

Олимҷон Низомов ҳамзамон дар аввали солҳои 90 аз нахустин наттоқони телевизони маҳалии “Симо”-и Панҷакент буд, ки барномаи “36,6” дар бораи солимии ҷомеъаро мебурд. Ду сол қабл доктор Низомов бо унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” сарфароз гардида буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button