ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҒАРМ, ДАНҒАРА ВА ВАРЗОБ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 11 ва 12 октябр дар се садама дар  шаҳраки Ғарм, ноҳияи Данғара ва дар Варзоб се нафар, аз ҷумла ду пиёдагар ва як ронанда ба ҳалокат расидаанд. Аз ҷумла бар асари чаппа шудани як мошини “Опел Астра” дар роҳи Кӯлоб  – Душанбе дар ҳудуди Данғара ронандаи 25-солаи мошин дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, се мусофираш маҷруҳ шудаанд. Як ҷавонзани 27-сола дар Ғарм ва як пиёдагарди 37-сола дар Варзоб зери чархи мошинҳои “Мерседес” ба ҳалокат расидаанд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

 Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, рӯзи 12-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Валиев Нозимҷон Сайдамирович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Навобод ба самти шаҳраки Ғарм дар кӯчаи Э.Муҳиддини ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Эшонова Садбаргул Ҳамзаалиевна, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳраки Ғармро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Эшонова С.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 11-уми октябри соли 2021, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Муродалӣ Тоҷидинович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар 95-км, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори чапи роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда, Саидов М.Т. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Саидова Тоҷинисо Сафаровна, соли таваллудаш 1973, Саидова Нозанин Тоҷидиновна, соли таваллудаш 1999 ва ноболиғ Далери Тоҷиддин, соли таваллудаш 2005, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, рӯзи 11-уми октябри соли 2021, тахминан соати, 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-200”, Нишонов Шерзод Зоирҷонович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷалолов Зайниддин Ҷалолович, соли таваллудаш 1984-ро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ҷалолов З.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button