ВидеоИқтисодТоҷикистон

ЛИМИТИ БАРҚ ДАР АКСАРИ НОҲИЯҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА АФСОНАИ ОБШУСТАИ “БАРҚИ ТОҶИК”

Ба гуфтаи сокинон, чанд рӯз боз дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон нирӯи барқро дар давоми рӯз чандин соат хомӯш мекунанд. Дар бархе ноҳияҳо, аз ҷумла дар Рӯдакӣ, Айнӣ, Турсунзода ва Кӯлоб барқро рӯзона аз соати 8 ва гоҳо ҳатто аз 7 субҳ то бегоҳ: то соати 17 ё 18 мекушанд.

Аммо дар бархе манотиқи дигар, аз ҷумла дар тарафи водии Рашт, ба гуфтаи сокинон, нирӯи барқро шабона аз соати 22 ё 23 қатъ мекунанд ва субҳ: соати 5 ё 6 гашта сар медиҳанд.

Сокинони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо интиқоди тунд аз бебарқӣ онро бозгашти лимит ба Тоҷикистон номида, аз ширкати “Барқи Тоҷик” интиқод кардаанд, ки то кунун аз расидани асри 21 хабар надорад ва дар ҳамон солҳои 60 ва 60-и асри гузашта дармондаву дар ҳамон давру замон то ҳол пой мекӯбад.

Аммо маркази матбуоти ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 12 октябр бо нашри як изҳороти вижа таҳти унвони пуриддаои “Таъминоти барқ дар кишвар маҳдуд нашудааст” гуфт, “хабарҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъи интиқоли барқ ва ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли барқ паҳн мешаванд, ягон асос надоранд.”

Бино ба фарзияи маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик», “дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар ба зимистон, аз ҷумла буридани шохаҳои дарахтон ва аз дигар монеаҳои озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муайян имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад.”

“Барқи Тоҷик” ҳамчунин таъкид кардааст, ки “зимистон барои таъминоти барқ ҳама вақт давраи фавқулодда аст. Вобаста ба афзудани талабот мушкилот низ зиёд мегардад. Аз ин рӯ, аз муштариёни нерӯи барқ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо хоҳиш мекунем, ки дар давраи зимистон ҳар қадар имкон доранд аз барқ сарфакорона истифода баранд. Ин ба манфиати ҳама ва ҳар кас аст.

Аммо корбарон ин шарҳи “Барқи Тоҷик” –ро ба боди интиқод кашида, менависанд, дар асри 21 баҳона кардани “зарурати буридани дарахтон” барои қатъи интиқоли барқ  хеле хандаовар аст ва ин ширкат бо ин афсонаҳои обшуста мехоҳад ноуҳдабароии худ ё иллатҳои аслии камбуди барқ, аз ҷумла ба таври қочоқӣ ба хориҷ фурӯхтани онро пинҳон кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button