ВидеоСиёсат

ЯКЕ АЗ РАҲБАРОНИ “ГУРУҲИ 24” БА 20 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДААСТ

Ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” мегӯяд, намояндааш дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон аз ҷониби додгоҳи Душанбе ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Раҳматҷони Маҳмадҷон 18 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав нопадид шуд. ВКД Русия дар як номаи расмӣ ба раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар гуфт, Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамон рӯзи 18 май қаламрави Русияро тарк кардааст ва беҳтар аст, ки “Гуруҳи 24” минбаъд барои ҷустуҷӯи ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Мақомоти Русия чӣ гуна Русияро тарк кардани ин намояндаи оппозитсияи тоҷикро шарҳ надоданд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то кунун дар бораи қазияи Раҳматҷони Маҳмадҷон шарҳе надодаанд ва истирдоди ӯ аз Русияро тасдиқ ё рад накардаанд. Ҳамин тавр, то кунун дар бораи мурофиаи парвандаи ӯ ва ҳукмаш низ иттилои расмие нашр нашудааст.

Вале сухангӯи “Гуруҳи 24”Саидалӣ Ашӯров ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, мурофиаи Раҳматҷони Маҳмадҷон пушти дарҳои баста набуд ва баъзе аз хешовандонаш дар додгоҳ иштирок доштанд. “Аммо хабарнигорон дар дохил дунбол накарданд ин мурофиаро”, – гуфт Саидалӣ Ашӯров.

Ба иттилои ҳамсафонаш, додгоҳи Душанбе Раҳматҷони Маҳмадҷонро бар асоси моддаҳои 187, 189 ва 307 дар ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адоват, ҳамкорӣ бо созмони ифротии мамнӯъ ва даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон гунаҳкор шинохта, барои 20 сол равонаи зиндон кардааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Шобудин Бадалов, як фаъоли дигари “Гуруҳи 24”, ки дар аввали сентябри соли 2020 аз шаҳри Нижний Новгороди Русия низ ба таври мармуз ғайб зада буд, дар Тоҷикистон ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар “Гуруҳи 24” гуфтанд, ки аз маҳкум шудани Бадалов дар Тоҷикистон хабар доранд, вале мушаххасоти ҳукми ӯро ҳанӯз ба даст наовардаанд.

“Гуруҳи 24” ин ҳукмҳоро маҳкум мекунад ва барои озодии онҳо аз тамоми чораҳои зарурӣ кор хоҳад бурд. Аз ҷумла бо навистани номаҳо ба созмонҳои зидахл, ташкили пикетҳо ва ҳамчунин бо мақомоти дахлдори Русия низ рӯи кор астем, то дақиқан барои мо возеҳ созанд, ки рабудани аъзои  “Гуруҳи 24”,  ки дар Русия мамнӯъ нест, аз суи кадом гуруҳ ёфтаст?” – гуфт Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи “Гуруҳи 24” ба “Бомдод”.

Вале дар изҳороташ пиромуни ҳукми Раҳматҷони Маҳмадҷон, “Гуруҳи 24” мақомоти Русия ва Тоҷикистонро дар рабудани ин узви аршадаш айбдор кардааст, вале навмедона навиштааст: “Дар ин ҷиноят ба адолат ноил шудан ва гунаҳкоронро ҷазо додан ғайриимкон аст. Ва пайомади беҷазоӣ боз ҷиноятҳои нав хоҳад шуд.”

Раҳматҷони Маҳмадҷон 31 сол дорад. Ӯ соли 2014 , ба  “Гуруҳи 24” пайваст ва баъди аз Русия ва дигар кишварҳои СНГ ба Аврупо ҳиҷрат кардани бахши аъзами тарафдорони “Гуруҳи 24” дар Русия монда, чанд соли охир намояндаи ин гуруҳ дар Русия буд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳи чанд узви дигари “Гуруҳи 24” рӯзи 24 июни соли 2020 алайҳи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради Ғалаба дар Маскав раҳпаймоии эътирозӣ доир карда буданд.

Пулис ӯ ва Шобудин Бадалов, боз як узви фаъоли “Гуруҳи 24”-ро дар паҳлуи Майдони Сурх дастгир кард. Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ибтидо онҳоро бо ҷурми муқовимат ба кормандони пулис ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда ва барои барои вайрон кардани тартиби баргузории пикети эътирозӣ ҳар кадомро ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима баст. Онҳо рӯзи 9 июл баъди адои 15 рӯзи ҳабсашон озод шуданд, вале ҳардуро дар назди дарвозаи боздоштгоҳ дубора дастгир карданд ва ҳмон додгоҳи ноҳияи Твер рӯзи 10 июл онҳоро ин дафъа бо ҷурми намоиши рамзҳои фашистӣ боз ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Ин ду узви “Гуруҳи 24” танҳо рӯзи 24 июл пурра озод шуданд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ва Шобудин Бадалов баъди раҳоӣ аз боздошт. 24 июли соли 2020

Вале Шобудин Бадалов – зодаи ноҳияи Панҷ ва узви  «Гуруҳи 24» субҳи 1 сентябри соли 2020 дар манзили зисташ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дигарбора аз тарафи афроди номаълуми либоси пулис дар тан боздошт шуд. “Гуруҳи 24” рӯзе баъд эълон кард, ки Бадаловро алакай ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вале мақомоти Тоҷикистон то ҳол истирдоди Шобудин Бадалов аз Русияро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Баъди ин шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд ва ҳоло ин созмон асосан дар Аврупо амал мекунад.

Аммо Раҳматҷони Маҳмадҷон ва Шобудин Бадалов дар Русия монданд ва то замони ба таври мармуз ғайб заданашон ба фаъолиятҳои оппозитсиониашон идома медоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button